А.Абдуллоев: "Шӯхиҳо чун мардумӣ аст, зуд ба ҳама писанд меояд". ВИДЕО

Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи тоҷик.

Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар як вақт нақши чанд қаҳрамонро мебозад, дар шаҳри Бохтар – маркази вилояти Хатлон – кору зиндагӣ мекунад. Ӯ барои “карйера” сохтан мисли баъзе дигар ҳампешаҳояш ба Душанбе нарафтааст, аммо дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон аз маҳбубият бархӯрдор аст. Вазорати фарҳанги Қирғизистон охири соли гузашта дар ҷашнвораи театрии бахшида ба 90-солагии нависандаи шинохта Чингиз Айтматов ӯро бо ҷоизаи “Нақши беҳтарини мард” қадрдонӣ кард. Аловуддин Абдуллоев ва гуруҳи ӯ дар ин ҷашнвора “Арасот”-ро намоиш доданд, ки аз рӯи асари "Қиёмат"-и Чингиз Айтматов таҳия шудааст.

Албатта, назарҳо яксон нест. Вале мешунавам, ки нисбат ба нақшҳои ман бештар назари мусбат доранд ва писандашон меояд. Ин аст, ки боре ҳам зиддияти ҷиддӣ нашудааст

Радиои Озодӣ: Вале Шуморо бештар бо саҳнаҳои “Шӯхиҳои Аловиддин” мешиносанд. Саҳнаҳои ҳаҷвии иборат аз як нафар, вале дар симоҳои мухталиф...

Аловуддин Абдуллоев: “Шӯхиҳоро аз зиндагии ҳаррӯзаи мардум мегирам. Аз ҳаёти сокинони минтақаҳои гуногун. Чун халқӣ ҳастанд, зуд ба дили мардум роҳ меёбанд. Албатта, кӯшиш мекунам, ки ба иззати нафси касе нарасам. Бо иҷрои нақшҳо муҳаббату эҳтироми худро ба мардум ва лаҳҷаи сокинони минтақаҳои мухталиф баён мекунам.”

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

А.Абдуллоев: "Шӯхиҳои мо чун мардумӣ ҳастанд, зуд ба ҳама писанд меоянд"

Радиои Озодӣ: Бештар дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ нақши занро иҷро мекунед. Мардум чӣ вокуниш мекунанд?

​Аловуддин Абдуллоев: “Назарҳо, албатта, яксон нест. Вале мешунавам, ки нисбат ба нақшҳои ман бештар назари мусбат доранд ва писандашон меояд. Ин аст, ки боре ҳам зиддияти ҷиддӣ нашудааст. Ман дар саҳна нақши мард ва пирамадро ҳам бозӣ мекунам. Дар кӯчаву хиёбонҳо барои нақшҳо изҳори сипос мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Дар канори Шумо як нафари гирифтори "синдром дауна" низ кор мекунад ва дар саҳнаҳо нақш меофарад. Ин кор чӣ хел даст дод?

Аловуддин Абдуллоев дар нақши пирамард

Аловуддин Абдуллоев: “Маҳмадулло Кабиров зодаи ноҳияи Файзобод аст ва як муддат бо устоди зиндаёд Усмон Алиев кор мекард. Бо ҳунарманди шинохта Қиёмиддин Чақалов ҳам буд. Дар як сафари корӣ ӯро пайдо кардем. Қобилияти хуб дорад ва ҷавони боғайрат аст. Аз рӯи барномаи "Ҳамаи мо тавонманд ҳастем" бо ӯ кор мекунем. Рӯзиашро меёбад. Мушкили нутқ дорад ва ба ӯ бештар нақшҳое медиҳем, ки гапи кам дорад. Аз иҷрои нақшҳо хуб мебарояд. Худи ӯ саҳнаи театрро дӯст медорад ва ба ояндаи кораш хушбин аст.”

​Радиои Озодӣ: Борҳо мешунавем, ки дар Хатлон ва гӯшаҳои дигари кишвар тамошобинони театр кам аст. Ба ояндаи кори театр чӣ баҳо медиҳед?

Аловуддин Абдуллоев бо Маҳмадулло Кабиров

Аловуддин Абуллоев: “Дар вилояти Хатлон навидҳои фарҳангӣ дар соли гузашта зиёд буд. Орзуи чандсолаи мо, ки доштани театри лӯхтак буд, амалӣ гардид. То ба ҳол ба бинандагон чаҳор намоишнома пешниҳод кардем. Албатта, талош дорем, ки тамошобинон зиёд шаванд ва барои ин солҳо зарур аст. Бо барномаҳои хуби театрӣ ин кор имконпазир аст.”