Қурби доллари амрикоӣ дар рӯзҳои аввали соли нав дар бозори сиёҳ боло рафтааст. Тоҷирон мегӯянд, ҳафтае қабл миёни ҳам ва бо саррофони ғайрирасмӣ 100 долларро бо 965-970 сомонӣ иваз мекарданд ва ҳоло арзиши 100 доллар то 978-980 сомонӣ боло рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки арзиши расмии қурби сомонӣ дар муқобили доллари амрикоӣ аз тирамоҳи соли 2018 бетағйир боқӣ монда, ҳар 100 доллар бар ивази 941 сомонӣ харида ва бо 943 сомонӣ фурӯхта мешавад. Вале фурӯши доллари нақд маҳдуд аст ва дар вилояти Суғд дар як рӯз як нафар метавонад бо қурби расмӣ танҳо 100 доллар бихарад.
Поинравии қурби сомонӣ дар соли 2014 таҳти таъсири буҳрони иқтисодӣ шурӯъ гардид ва дар тайи се сол қурби сомонӣ дар баробари доллар наздики 2 баробар поин рафт.
Тоҷирон мегӯянд, баъди иди соли нав ва дар оғози сол талабот ба доллар меафзояд ва тағйирот дар қурби арзи амрикоӣ ба тиҷорати онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тоҷирон болоравии қурби долларро ба ҳолати баъд аз арзонфурӯшии солинавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки ҳоло мавсими овардани моли нав аст, ки маъмулан аз Чину Туркия ворид мешавад.
Неъматҷон Ғуфронов, як тоҷир аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд, баланд шудани қурби доллар дар бозори сиёҳ бар зарари ӯ ва ҳампешаҳояш аст, ки аз хориҷи кишвар мол меоранд.
Ӯ афзуд, "ҳафтае пеш ман 100 долларро аз як шиносам бар ивази 968 сомонӣ харида будам. Акнун 10 сомонӣ баланд шудааст. Яъне, аз ҳар 100 доллар 10 сомонӣ зарар мебинам. Қурби доллар, ки баланд мешавад, ба қимати моли меовардамон таъсир мерасонад. Ночор ба моли овардамон нархи баландтар мегузорем. Ин ҳолат шумораи харидоронамонро камтар хоҳад кард".
Қурби доллар дар баробари рубл ҳам боло рафт
Ба гуфтаи ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҳамин тавр, қурби доллар дар бозорҳои сиёҳи Суғд дар баробари рубли русӣ низ боло рафта, рӯзи 2-юми январ 100 долларро ба 7200 ҳазор рубл мефурӯхтанд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш қурби расмии рубли русӣ ҳам поин омада, тоҷирон ва саррофони ғайрирасмӣ байни ҳам 1 ҳазор рублро бар ивази 172 сомонӣ иваз мекарданд.
Бино ба пешбиниҳои ҳукумати Тоҷикистон, қурби сомонӣ то охири соли 2019 нисбат ба доллар ҳамагӣ 3 дар сад поин хоҳад рафт ва дар марзи 9.70 сомонӣ дар баробари 1 доллар қарор хоҳад гирифт. Охири соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки қурби пули миллӣ дар баробари доллар дар соли 2018 6,8 дарсад, яъне аз 8,81 сомонӣ дар аввали сол то 9,43 - сомонӣ поин рафтааст.
Тафовут аз куҷо то ба куҷо?
Рӯзи 2-юми январ дар Шӯъбаи танзими асъори намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қурби расмии сомонӣ дар баробари доллар чун охири соли 2018 бетағйир мондааст. Як доллар аз моҳи июли соли 2018 бо 9,41 харида шуда ва бо 9,43 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Як масъули Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ин сохтор барои фаъолияти бозори сиёҳи асъор посух намедиҳад, аз ин рӯ тафовути ҷиддӣ дар қурби расмӣ ва ғайрирасмиро шарҳ нахоҳад дод.
Бонкҳо дар Тоҷикистон доллар, евро ва рубли русиро ба фурӯши озод намегузоранд ва тоҷирон байниҳам ва бо кӯмаки саррофони ғайрирасмӣ муомилаҳои асъорро анҷом медиҳанд.
Cе соли беқурбшавии пули миллӣ
Поинравии қурби сомонӣ дар соли 2014 таҳти таъсири буҳрони иқтисодӣ шурӯъ гардид ва дар тайи се сол қурби сомонӣ дар баробари доллар наздики 2 баробар поин рафт.
Бонки миллӣ ба хотири танзими бозори асъор чораҳое сахт рӯи даст гирифт ва нахуст ҳама саррофиҳои хусусиро баст ва танҳо ба бонк ва муассиаҳои қарздиҳӣ ҳаққи табодули асъор дод. Дар пай қонуни нави муомила бо асъори милливу хориҷӣ қабул шуд, ки аз рӯи он ба касоне, ки ғайриқонунӣ ба табодули асъор машғул мешаванд, ҷазоҳои сахти то 9 соли ҳабс пешбинӣ мекунад.
Даҳҳо нафар саррофон зимни ивази ғайриқонунии асъор бадастафтода ҷарима ва зиндонӣ шуданд. Ин чораҳо ба хотири мустаҳкам кардани қурби пули миллии тоҷикӣ ва ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ рӯи даст гирифта шуданд. Вале ин ҳама норасоии асъори хориҷиро аз байн набурд ва ҳоло ҳам бонку саррофиҳои расмӣ доллару евроро ба табодули озод бо сомонӣ нагузоштаанд.