Соли 2018 барои иқтисоди Тоҷикистон бо чанд тағйироти кадрӣ дар идораҳои калидии блоки иқтисодии ҳукумат оғоз шуд. Абдуфаттоҳи Ғоиб ва Абдусалом Қурбониён, ду чеҳраи бовазни тими президент Раҳмон, дар оғози ин сол аз мансаб монданд.
Мардум сармояҳои худро дар бонкҳо ба амонат намегузоранд. Дар ин гуна шароит аҳолӣ бештар ба хариди молу ашё рӯ меорад ва ин боис ба инфлятсия ва ё беқурбшавии пул мешавад.
Коршиносон ин тағйироти кадриро, дар маҷмӯъ, як навъ "рокировка" унвон карданд, ки таъсири чандоне ба иқтисод надорад. Аммо занҷираи ҳодисаҳое, ки аз мақом барканор шудани Қурбониён ба бор овард, қариб тамоми сол идома дошт ва танҳо бо 24 сол зиндон шудани Раҷабалӣ Одинаев, молики “Умед 88”, яке аз ширкатҳои пештоз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон анҷом ёфт.
Пайрав Чоршанбиев, хабарнигори оҷонсии "Азия-Плюс", гуфт, моҳҳо маош нагирифтани муаллимону духтурон дар чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ва қарзи "Умед-88" боис ба эроди президент ва барканории Абдусалом Қурбониён шуд.
3 миллиард сомонӣ куҷо шуд?
Буҳрони бонкҳо, ки иқтисоди Тоҷикистон аз солҳои пешин ба мерос гирифта буд, дар соли 2018 низ идома кард. Гиреҳи ин мушкил ҳанӯз боз нашудааст. Мушкили муштариён, ки моҳҳо боз наметавонанд амонати худро аз бонкҳо бозпас бигиранд, борҳо дар порлумон боис ба баҳси тунди вакилон шуд.
Зимнан, ҳар боре, ки басҳи буҳрони бонкҳо дар Маҷлиси намояндагон рӯ мезад, исми Абдусалом Қурбониён ҳам гирифта мешуд, ки бо даъвои наҷоти бонкҳо аз давлат беш аз 3 миллиард сомонӣ маблағ гирифт, вале дар асл ҳадафаш бозгардонидани маблағҳои дар "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" ба амонат гузоштаи Вазорати молия буд.
Дар пасманзари сарсонии муштариёни "Тоҷпромбонк", ки бо гузашти тақрибан 2 сол аз санаи муфлис эълон шуданаш ҳанӯз амонатҳои худро бозпас гирифта наметавонанд, "Агроинвестбонк" барои раҳоӣ аз буҳрон сармоягузоре пайдо накард. "Тоҷиксодиротбонк" бо вуҷуди онки аз ҳосил шудани созиш бо ширкатҳои Саудӣ ва Чин барои харидории саҳмияҳояш изҳорот дод, ба назар мерасад, ҳанӯз ҳам вазъи молиаш беҳбуд пайдо накардааст ва дар бозгардони амонати муштариён оҷиз аст.
"Мардум пулро ба бонкҳо намедиҳанд, мол мехаранд"
Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик, ки муддате ҳамчун мушовири бонк фаъолият дошт, мегӯяд, вазъият дар арсаи бонкӣ нисбат ба се соли пеш беҳтар шудааст, вале ҳамоно вазнин боқӣ мемомонад.
Ӯ гуфт, "бинобар он ки ду бонки низомсоз (Агроинвестбонку Тоҷиксодиротбонк) дучори мушкил шуданд, бовари мардум умуман ба системаи бонкӣ кам шуд. Аз ин рӯ, мардум сармояҳои худро дар бонкҳо ба амонат намегузоранд. Ин боиси ба вуҷуд омадани рискҳои бузург дар иқтисодиёт мешавад. Аз таҷриба мешавад гуфт, ки дар ин гуна шароит аҳолӣ ба хариди молу ашё бештар рӯ меорад ва ин боис ба инфлятсия ва ё беқурбшавии пул мешавад”.
Шарифов афзуд, айни замон дар дасти мардум ва ширкатҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 12 миллиард сомонӣ вуҷуд дорад, ки бинобар набуди боварӣ берун аз хазинаҳои бонк боқӣ мемонад.
Муҳоҷирон дигар "локомотив"-и иқтисоди Тоҷикистон нестанд?
Дар ҳамин ҳол, то ҳудуди 20 дирам гарон шудани як киловат соат нархи нерӯи барқ дар соли 2018 барои буҷети бисёре аз оилаҳо сарбориро дучанд кард. Рушди энержӣ ва ё расидан ба истиқлоли энержӣ, ки Тоҷикистон онро яке аз ҳадафҳои стратегиаш мешуморад, барои рушди ояндаи иқтисоди кишвар замина мегузорад. Аммо тавре иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар як таҳлили худ навиштанд, бунёди нерӯгоҳҳои нав ба танҳоӣ ҷойи кории зиёд намеофаранд. Ҳол он ки яке аз мушкилии умдаи Тоҷикистон бекорӣ аст.
Мушкили норасоии ҷойи корро Тоҷикистон ҳоло бо содироти нерӯи кории арзон ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия ҷуброн мекунад. То 5 соли пеш муҳоҷирон "драйвер"-и асосӣ ва "локомотив"-и иқтисоди Тоҷикистон буданд, ки солона беш аз 4 миллиард доллар ба иқтисоди кишвар ворид мекарданд.
Аммо бо рукуди иқтисоди Русия дар пайи таҳримҳои Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ва поин омадани нархи нафт, пули фиристодаи муҳоҷирон нисф шуд. Ба иттилои Бонки марказии Русия дар 9 моҳи соли 2018 муҳоҷирон ба Тоҷикистон каме беш аз 1 миллиарду 900 миллион доллар фиристоданд, ки хеле камтар аз солҳои қабл аз буҳрон аст.
Ҳам пахта кам шуд, ҳам алюминиюм
Cоли 2018 барои арсаи тавлидот дар Тоҷикистон чандон бобарор набуд. Истеҳсоли ду маводи аслии содиротии Тоҷикистон пахта ва алюминиюм коҳиш ёфт.
Соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз 360 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки камтарин дар 5 соли охир аст. Корхонаи тавлиди алюминиюм – Талко – дар 10 соли охир ҳаҷми истеҳсолро аз 419 ҳазор тоннаи соли 2007 то ба 103 ҳазор тонна дар 2017 коҳиш додааст. Вазъи молиявии ширкатҳои дигари давлатӣ низ хуб нест ва бузургтарин ширкати қарздори давлатӣ «Барқи Тоҷик» аст, ки мизони вомаш аз марзи 11 миллиард сомонӣ гузаштааст.
Шумо бой ҳастед ё камбизоат?
Дар пасманзари ин ҳама бурду бохтҳо, бекорӣ ва камбизоатӣ мушкили рақами яки иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тоҷикистон ҳар нафареро, ки дар як моҳ 190 сомонӣ харҷ мекунад, камбизиоат эътироф мекунад. Бо такя ба ин ҳисоб дар ҷумҳурӣ 29 дарсади аҳолӣ ва ё 2 миллиону 610 ҳазор нафар камбизоат ҳастанд.
Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар кӯчаи марказии Душанбе гуфт, "ман 167 сомонӣ маош мегирам, онро бихӯрам, роҳпулӣ кунам? Кӯдакҳо дафтару қалам мегӯянд, китоб мегӯянд, чӣ кор кунам?"
Мушкили соҳибкорӣ ва як ислоҳоти мусбат
Ҳукумати Тоҷикистон соҳибкориро як мояи рушди кившар ва омили коҳиши камбизотӣ медонад, вале соҳибкор будан дар кишвар кори саҳле нест. Дар раддабандии нави “Doing business-2019” ва ё “Пешбурди тиҷорат” Тоҷикистон дар мақоми 126-ум қарор гирифт, ки нисбат ба як соли пеш се зина поинтар аст.
Ягона ислоҳоте, ки Тоҷикистон дар соли 2018 барои сабук кардани кори тиҷорат роҳандозӣ кард, бастани созишномаи гумрукӣ бо Узбекистон будааст.