Музокироти ҳайати Толибон бо мақомҳои Эрон дар Теҳрон

Чанд рӯз пас аз сафари дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон ба Афғонистон, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон хабар дод, ки ҳайате аз гурӯҳи Толибон ба Теҳрон сафар карда ва бо ҳайате бо раёсати Аббос Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷии он кишвар, гуфтугӯ кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Баҳром Қосимӣ рӯзи душанбеи 31-уми декабр эълом кард, ки ин ҳайат "музокироти муфассале" бо ҳайати эронӣ доштааст. Ба гуфтаи Баҳром Қосимӣ, ҳукумати Афғонистон аз ин гуфтугӯҳо огоҳ буда ва он ба ҳадафи "пеш бурдани музокироти сулҳ" байни ҳукумат ва гурӯҳҳои афғон, анҷом шудааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки гурӯҳи Толибон "тамоюл" ба музокира бо Эрон доштааст.

Бархе аз мақомҳои афғон ва раҳбарони гурӯҳи Толибон гуфта буданд, ки Эрон ва Толибон бо ҳамкорӣ дар амалиётҳои пинҳонӣ талош мекунанд, аз густариши нуфузи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷилавгирӣ кунанд.

Ин сафар чанд рӯз пас аз он анҷом шудааст, ки Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон ба Кобул сафар карда ва дар мулоқот бо ҳамтои афғони худ хабар дод, ки Эрон бо Толибон музокироти давомдор доштааст ва ҳукумати Афғонистон аз ҷараён огоҳ аст.

Пеш аз ин низ раҳбарони гурӯҳи Толибон ба Эрон сафар кардаанд. Аз ҷумла хабаргузории "Тасним" вобаста ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қаблан хабар дода буд, ки ҳайати сиёсии Толибон дар Қатар ба раҳбарии "Таййиб Оқо", масъули дафтари сиёсии ин гурӯҳ, ба Теҳрон сафар кардааст.

Дар ҳамин ҳол, пеш аз ин бархе аз мақомҳои ҳукумати Афғонистон ва раҳбарони гурӯҳи Толибон гуфта буданд, ки Эрон ва Толибон бо ҳамкорӣ дар амалиётҳои пинҳонӣ талош мекунанд, аз густариши нуфузи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд.

Пас аз интишори ин хабарҳо, Муҳаммадризо Баҳромӣ, сафири Эрон дар Афғонистон "тамосҳо"-и Эрон бо Толибонро таъйид кард ва ҳамзамон гуфт, ки ин тамосҳо ба маънои робита бо Толибон нест ва Эрон ин гурӯҳро ба расмият намешиносад. Бо ин ҳол Амрико Ҷумҳурии исломии Эронро ба ҳимоят аз Толибон муттаҳам мекунад.

Ҳайати Толибон дар музокироти Маскав.

Аз ҷумла вазорати молияи Амрико чанде қабл алайҳи ҳашт тан аз афроди Толибон ва пуштибонҳои онҳо таҳрим ҷорӣ кард, ки ду нафари онҳо эронӣ ва бо Сипоҳи посдорон дар иртибот будаанд. Ин вазорат аз "Муҳаммад Иброҳим Авҳадӣ" ва "Исмоил Ризавӣ" ном бурда ва онҳоро муттаҳам сохтааст, ки аз тарафи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони бо фароҳам овардани имконоти молӣ ва фаннӣ, аз Толибони Афғонистон ҳимоят кардаанд.

Эрон дар замони ҳукмронии Толибон ба қисматҳое аз Афғонистон ба шумули Кобул, ин гурӯҳро ба расмият нашинохт. Дар моҳи августи соли 1998 ҷангиёни Толибон ба Консулгарии Эрон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҳамла карданд. Дар ин ҳамла 11 дипломат ва як хабарнигори хабаргузори расмии Эрон -- ИРНА кушта шуданд.

Талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳи доимӣ дар Афғонистон ахиран афзоиш ёфтааст. Дар моҳи ноябри соли гузашта Маскав -- пойтахти Русия мизбони нишасти байналмилалии сулҳи Афғонистон буд, ки дар он ҳайате аз дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, ширкат дошт. Моҳи гузашта ҳам намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон Залмай Халилзода дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳайати Толибон гуфтугӯ намуд.