"Роғун" ва беҳбуди равобит бо Узбекистон -- ду рӯйдоди "мондагор"-и соли 2018 барои Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба кор даровардани чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун"-ро муҳимтарин рӯйдоди соли 2018 барои Тоҷикистон хонд. Нахустин чархаи ин нерӯгоҳ 16-уми ноябр дар "Рӯзи президент" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Президенти Тоҷикистон дар паёми солинавии худ, ки шаби гузашта тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ пахш шуд, соли 2018-ро барои Тоҷикистон "хотирмону таърихӣ" гуфт ва афзуд, ки кишвар дар ин сол "ба дастоварду пешравиҳои басо муҳиму назаррас ноил гардид".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар қисмати дигари суханронии худ чархиши куллӣ дар равобити Тоҷикистону Узбекистонро аз дигар рӯйдодҳои "хотирмон"-и соли 2018 хонд.

Оқои Раҳмон бо ситоиш аз заҳматҳои мардум ва сохтмончиёни "Роғун", ҳамзамон ба мушкилиҳое ишора намуд, ки дар роҳи бунёди ин нерӯгоҳи "сарнавиштсоз", вуҷуд дошт. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин нерӯгоҳро "таҳкурсии боэътимоди ободии фардои Тоҷикистон ва пешрафти ҳамаи соҳаҳо" арзёбӣ кард.

Алорағми мухолифатҳои бархе аз кишварҳои поёноб дар солҳои гузашта, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки сохтмони ин нерӯгоҳро идома диҳад ва ба истиқлолияти энержӣ даст ёбад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки то соли 2024 ҳамаи шаш чархаи ин нерӯгоҳи бузургтарин дар Осиёи Миёна ба кор хоҳанд даромад ва Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи барқ табдил хоҳад ёфт.

Гардиши куллӣ дар муносибат бо Узбекистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар қисмати дигари паёми солинавии худ чархиши куллӣ дар равобити Тоҷикистону Узбекистонро аз дигар рӯйдодҳои "хотирмон"-и соли 2018 хонд. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, Душанбеву Тошканд дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, ҳамаи масоил ва мушкилотеро, ки солҳои гузашта дар байни ду кишвар ба вуҷуд омада буд, ҳаллу фасл намоянд ва муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи шарикии стратегӣ бирасонанд.

Дар авоили моҳи марти соли 2018 раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад ва Эмомалӣ Раҳмон низ дар авохири моҳи август бо чунин сафар ба Тошканд рафт. Коршиносон лағви раводиди сафар ба муддати 30 рӯз миёни ду кишварро муҳимтарин дастоварди ин сафарҳо медонанд.

То моҳи марти соли 2018 барои убури марз бо Узбекистон сокинони Тоҷикистон муваззаф буданд, ки визаи ин кишварро дошта бошанд ва танҳо баъди санҷиши гумрукиву марзбонӣ метавонистанд ба дохили кишвар ворид шаванд.

Тоҷикистону Узбекистон беш аз бист сол равобити тира ва мушкил доштанд. Дар ин муддат додугирифти ду ҳамсояи девор ба девор ба нуқтаи поинтарин расида буд. Вале соли 2018 дар пайи гармии муносибот ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни ин кишварҳо рӯ ба рушди бесобиқа ниҳод.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки додугирифт дар нӯҳ моҳи имсол бо Узбекистон ба тақрибан 220 миллион доллар расидааст. Мақомоти ду кишвар ният доранд, ки ин рақамро солҳои наздик ба як миллиард доллар расонанд.

Ҳодисае, ки ба он ишора нашуд

Беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбекистон ва ба кор андохтани чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ишора кард, аз тарафи доираҳои коршиносӣ ва ҳам сокинон чун рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ шуда буд.

Аммо дар баробари ин, коршиносон ба ҳодисаи дигар -- ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғара ишора мекунанд, ки аз рӯйдодҳои муҳими соли 2018 гуфта мешавад. Сокинон аз ду ҳодисаи аввал бо хушӣ ёд мекунанд, аммо ҳамла ба сайёҳонро фоҷиаи бузурги сол медонанд.

Се ҳодисаи муҳими соли 2018:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Се ҳодисаи муҳими соли 2018 кадом буд?

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст.​

Тоҷикистон ва соли 2019

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавии худ гуфт, бо эълони соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ шумораи зиёди иншооти соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, барои эҳёи касбу ҳунарҳои фаромӯшшуда тадбирҳои муҳим рӯи даст гирифта шуд. Маҳз ба ин хотир оқои Раҳмон гуфт, ҳукумат мехоҳад бо ин роҳ бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолиро бартараф карда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам оранд.