Туркия ба вуруди нерӯҳои ҳукумати Сурия ба шаҳри Манбиҷ мухолифат кард, вале мақомоти Русияву Эрон аз ин таҳаввули, ба қавли онҳо, мусбат ситоиш намуданд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи 28-уми декабр гуфт, курдҳои Сурия ҳақ надоранд, ки аз ҳукумати он кишвар кумак бихоҳанд. Туркия гуруҳи курдҳои Сурияро созмони террористӣ медонад ва Эрдуғон дар моҳи ҷорӣ таҳдид карда буд, ки бар зидди онҳо амалиёти густардаро ба роҳ мемонад.
Манбиҷ шаҳре дар вилояти Ҳалаб аст, ки чанд сол таҳти тасарруфи гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИИШ) қарор дошт. Соли 2016 дастаҳои курд бо пуштибонии Эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико Манбиҷро аз тундравони "Давлати исломӣ" бозпас гирифтанд.
Дар айни замон ҳукумати Русия ҷобаҷо шудани нерӯҳои ҳукумати Башор Асад дар шаҳри Манбиҷи Сурияро "таҳаввули мусбат" хондааст. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, рӯзи 28-уми декабр дар як баёнияи расмӣ гуфт, истиқрори нерӯҳои ҳукумати Сурия дар Манбиҷ ба барқарории субот ва пойдории минтақа кумак мекунад.
Ҷангҷӯёни мусаллаҳи курди Сурия аз ҳукумати ин кишвар хостаанд, ки дар баробари таҳдидҳои ҳукумати Туркия аз онҳо ҳимоят кунанд ва ба шаҳри Манбиҷ нерӯҳои худро бифиристад. Курдҳо чунин талаби худро пас аз эълони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия эълон карданд. Курдҳои Сурия пеш аз ин аз Фаронса ҳам хоста буданд, ки ҳузури худро дар ин минтақа густариш диҳад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 19-уми декабри имсол эълон кард, ки ду ҳазор нерӯи кишварашро аз Сурия берун мекашад.
Аз ин тасмими раиси ҷумҳури Амрико ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз Иёлоти Муттаҳида шадидан интиқод карданд. Мухолифон ҳушдор доданд, ки ин иқдом мумкин аст заминаи пирӯзии Русия ва Эронро дар Сурия фароҳам кунад.
Эрону Русия дар ҷанги Сурия аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят карда, Туркия аз шӯришиёне ҷонибдорӣ менамояд, ки бо режими Башор Асад даст ба гиребонанд.
Дар ин миён гуруҳи ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон гуфтааст, ки ҳудуди 300 сарбози ҳукумати Сурия ба шаҳри Манбиҷ дохил шудаанд.