Соли 2018 аз талошҳо барои барқарории адолат ва мубориза барои дифоъ аз ҳаққи худ орӣ набуд. Радиои Озодӣ чаҳор ҳодисаро гирдоварӣ кардааст, ки қаҳрамонҳояш барои ҳаққи худ мубориза бурда ва то ҷое муваффақ шудаанд.
Намояндаҳояшон ба хона меомаданд, ба ҷои кор мерафтанд. Мегуфтанд, ки аз гуноҳашон гузар, мо ба ту 20 ҳазор доллар медиҳем. Гуфтам, ба ман пул даркор нест...
УМЕДА МАҚСУДОВА
Барои Умеда Мақсудова соли 2018 соли ашкрезӣ ва баҳсҳои додгоҳӣ буд. Соле, ки бо қарори додгоҳ бояд аз азизтарин нафараш ҷудо мешуд. Нооромиҳо дар зиндагияш ӯро зоҳиран чанд сол аз синни худ бузургтар кард.
"Ҳар вақте ба ёдам меояд, сарамро дард мегирад. Вақте онҳо меомаданд, фикр мекардам, маро бо худ мебаранд. Ҳоло ҳамаашонро фаромӯш кардам. Ба мактаб меравам ва дарс мехонам", - нақл кард Умеда Мақсудова рӯзи 29-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Волидони биологӣ, ки ҳанӯз дар 30-рӯзагӣ Умедаро ба фарзандхонӣ дода буданд, пас аз 9 сол хостанд, ӯро бозпас гиранд. Расонаӣ шудани баҳс ва ашкрезиҳои Умеда ҷомеаро такон дод ва диққати масъулонро ба худ ҷалб кард. Волидон аз раъйи худ гаштанд ва ҳоло ягона орзуи Умеда зиндагии ором дар оғӯши модараш Шабистон Кабутова аст.
Талошҳои Умеда барои дифоъ аз ҳаққи худ дар соли 2018 аз ҳодисаҳои чашмрас ва садои такондиҳанда ба гӯши мақомот буд.
МАЪРИФАТ ДАВЛАТОВА
Соли гузашта барои Маърифат Давлатова, рассоме, ки занҳои нимаурёни тоҷикро дар тасвирҳояш ба намоиш гузошт, соли оддӣ набуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи намоишгоҳ пеш аз ҳама нишон додани воқеият ва як навъ эътироз ба мардсолорӣ буд, аммо зери бори интиқоду маҳкумият қарор гирифт.
Ӯ гуфт, “вақте нахустин бор чунин асарҳоямро дар интернет гузоштанд, бисёре аз шиносҳо ба ман гуфтанд, ки онро аз саҳифа пок кунам ва дар ягон ҷо пинҳон намоям. Баъд фикр кардам, ки агар одамон ба ин чиз ин хел назар доранд, бояд онро дигар кард. Мо гулро наметавонем барои хорҳояш зери борпеч монем. Гул бо ҳамон хорҳояш зебост.”
Баъди намоишгоҳ даҳҳо нафар барояш паём фиристода, бархе ба ҷонаш ҳам таҳдид карданд. Аммо худи Маърифат гуфт, барояш муҳим буд, ки дар баробари занони дигар хомӯш наистод. Ва давоми чанд рӯзе, ки тасвирҳояш мавзӯи аслии баҳс буд, ҳатто мунтақидон барои тамошо рафтанд.
ШАҲБОЗ АҲМАДОВ
Бархе аз онҳое, ки барои ҳимоя аз ҳуқуқи худ талош карданд, мегӯянд, нақши матбуот дар зиндагии онҳо муассир буд ва арзи онҳо ба мақомот натиҷа дод. Шаҳбоз Аҳмадов, сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон, имрӯз зиндагии орому маъмулӣ дорад. Аммо ду моҳ пеш умедашро аз озодӣ қариб канда буд. Зери шиканҷаи, ба қавли худи ӯ, гӯшношунид маҷбур шуд, гуноҳи нокардаро ба дӯш гирад.
"Дар барқ монданд, гуноҳи нокардаро ба гардан намегирифтам. Гуфтам, ки чаро ин қадар азоб медиҳед? Гуфтанд, ки камтар шиддати барқро баланд кун, ҳамаашро ба гардан мегирад. Боз баланд кард, боз ба гардан нагирифтам", - нақл кард ӯ.
Танҳо пас аз чаҳор рӯз, баъди ба даст афтодани гумонбари аслӣ Шаҳбозро озод карданд. Ва ӯ ҳамроҳи падараш, ки 30 сол дар сохтори пулис кордааст, аз рӯи рафтори ду афсар ба раҳбарони онҳо шикоят бурданд.
Вай афзуд, “баъди ин, парванда боз шуд. Намояндаҳояшон ба хона меомаданд, ба ҷои кор мерафтанд. Мегуфтанд, ки илтимос аз гуноҳашон гузар, мо ба ту 20 ҳазор доллар медиҳем. Гуфтам, ки ба ман пул даркор нест, чизе, ки қонун муайян мекунад, ҳамон муҳим аст.”
Дар ҳоле ки қазияи онҳоро додситонӣ дар шаҳри Бохтар баррасӣ мекунад, Шаҳбоз бовар дорад, ки адолат барқарор мешавад ва кормандоне, ки ӯро шиканҷа карданд, муҷозот хоҳанд шуд. Ӯ мегӯяд, сокинон набояд барои поймол шудани ҳуқуқҳояшон лаб фурӯ банданд, балки мубориза баранд ва ба ҳақиқат бовар кунанд.
ШАРИФХОН ПОЧОЕВ
Соли 2018 барои Шарифхон Почоев, сарчӯпоне аз ноҳияи Муъминобод анҷоми баҳсҳо ва тантанаи адолати додгоҳӣ буд. Баъди як шикояти ӯ ба Радиои Озодӣ, ба қазияаш таваҷҷуҳ карданд.
“Як солу ду моҳ пас соҳиби вазифа шудем, моро вазифа доданд. Ҳамин қадар таъсир кард, ки ҳама фаҳмид, ки беадолатӣ будааст”, - мегӯяд ӯ.
Шарифхон Почоев муддати чаҳор сол дар як кооператив ба ҳайси чӯпон кор карда, сипас вазифаи сарчӯпониро бар ӯҳда гирифт. Аммо баъд аз чанд муддат ба қавли ӯ ҳар баҳор роҳбари кооператив бо ҳар роҳу баҳона аз онҳо аз 3 то 25 ҳазор сомонӣ талаб мекард.
Соли 2016 баъд аз пардохт накардани 10 ҳазор сомонӣ раҳбари кооператив ӯро аз кор ронд. Сарчӯпон фикр кард, ки адолатро танҳо додгоҳ барқарор мекунад ва аз болои раҳбари Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” Абдулҳафиз Қурбонов ба додгоҳ шикоят бурд. Шарифхон Почоев пас аз даву този зиёд дар додгоҳ пирӯз шуд.
Сарнавишти ин афрод маҳз бо талошу муборизаи худи онҳо ё наздиконашон тағйир ёфт. Онҳо мегӯянд, агар ба мушкили онҳо касе таваҷҷуҳ намекард, шояд яке дар пушти панҷара, дигаре ғайри хоҳиши худ дар оилаи бегона ва якеи дигар ба мушкили худ печида буд.
Дар ҳамин бархе аз сокинон гуфтанд, бо таваҷҷуҳ ба ноадолатиҳо дар ҷомеа, бовар ба адолати додгоҳӣ ҳам коста шудааст. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди шикоят аксаран арзу доди онҳо ношунида мемонад:
- “Бефоида аст, ба кӣ шикоят кунем? Ҳамааш аллакай ҳал шудааст.”
- “Агар ба касе шикоят барӣ, мегӯянд хабаркаш будааст, барои ҳамин нагуфтан беҳтар.”
Ин қаҳрамонҳо бо таҷрибаҳои ҷанҷолбарангез, аммо муваффақи худ дар соли 2018, ки охирин рӯзҳояш сипарӣ мешавад, ин ҳикматро ҳосил карданд, ки новобаста ба шароит ва мубориза барои ҳаққи худ натиҷа хоҳад дошт.