Ин мард аз хона дуздӣ кард, либосҳои соҳибхонаро пӯшид ва аз ӯ роҳкиро ҳам гирифт

Дерек Тарбокс.

Мақомҳои пулис дар иёлати Мэн дар Амрико мардеро боздошт кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ ба як хона ворид шуда, онҷо хӯрок хӯрд, телевизион тамошо кард, либосҳои соҳибхонаро пӯшид ва бидуни он, ки соҳибхона ба ӯ машкук шавад, аз ӯ хост, ки бо мошинаш ӯро ба назди яке аз дӯстонаш бирасонад.

Ба гузориши "Ассошиэйтед пресс" ба нақл аз пулис дар вилояти Мэн, Дерек Тарбокс, ки 35-сола мебошад, бо вуруди ғайриқонунӣ ба ин хона ҳамчунин дар ҳаммом шустушӯ намуда ва либосҳои соҳибхонаро пӯшид ва вақте, ки соҳибхона ба хонааш расид, машғули тамошои телевизион буд.

Ӯ ба соҳибхона гуфт, ки иштибоҳан ва бо ин фикр, ки хона мутааллиқ ба дӯсти ӯст, вориди он шуд ва аз ӯ хост, ки ӯро бо мошинаш ба хонаи яке аз ошноёнаш бирасонад.

Соҳибхона ба пулис гуфтааст, ки ба суханони ин мард бовар кард ва барои ҳамин пазируфт ӯро ба нишоние, ки дархост кард, бирасонад. Аммо баъдтар фаҳмид, ки дар хонааш дуздӣ сурат гирифтааст.

Тарбокс баъдтар дар як минтақаи дигари ин иёлат ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ва дуздӣ, боздошт шудааст.