Нуҷумшиноси тоҷик: "Соли хук" соли бофайзу баракат хоҳад буд

Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон.

Нуҷумшиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, соли 2019, ки бар асоси тақвимҳои қадимӣ "соли хук" ном гирифтааст, "як соли хуб, бофайзу баракат ва босубот хоҳад буд".

Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳеҷ сурат ба рамзи Соли нав набояд қабои динӣ дод, чунки рамзҳои сол дар тақвимҳои мухталифи қадима бар асоси тақвимҳои то насрониву исломӣ номгузорӣ шудаанд. Чунин ҳисобшуморӣ дар миёни мардуми тоҷик бо номи "мучал" маъруф аст

Соли 2018 аз назари бисёр кишоварзону деҳқонон воқеан ҳам як соли пурбор буд.

Ибоддинов мегӯяд, ки дар ин охирҳо бисёр афроди ноогоҳ бо ҳамин савол муроҷиат мекунанд, ки "Соли хук ҳаром аст?", вале дар асл, ба гуфтаи ӯ, ин ном аз қадим бо ишора ба як "ҷонвари фарбеҳ, пурбардошт ва сернасл" буданаш чунин ном гирифтааст. Ибоддинов мегӯяд, ки бар асоси арзёбиҳои илмӣ мешавад гуфт, ки соли оянда як соли нек мешавад ва барои Тоҷикистон ва мардумаш ҳам аз бисёр ҷиҳат мусоид хоҳад буд.

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин донишманди улуми астрофизика гуфт: "Шурӯи "Соли хук" бар асоси тақвими кӯҳнатарин, аз он ҷумла бар асоси тақвиме, ки дар кишварҳои исломӣ истифода мебаранд, аз баробаршавии шабурӯзи баҳорӣ, яъне аз 22-23 марти соли милодӣ шурӯъ мешавад. Номгузории солҳо хоси мардуми Аврупо нест. Ин тақвими кӯҳнатарин то давраи насрониҳо ҳам вуҷуд дошт. Сол - соли хуб меояд, пурҳосил мешавад".

Ибоддинов гуфт, арзёбиҳои ӯ бар асоси омӯзиши вазъи иқлим, хуруҷи Офтоб ва таъсири он ба Замин, сайёраҳои низоми офтобӣ ва дигарҳо карда мешавад. Аз ин назар, ба гуфтаи ситорашиноси тоҷик, хусусиятҳои табиии соли оянда мусбат пешбинӣ мешавад.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар ин замина, ки магар нигарониҳо аз гул кардани баъзе дарахтони мисли бодом дар ноҳияи Данғара дар миёнаҳои моҳи декабр ба маънои бад шудани ҳосили мева нест, гуфт, ҳар мавсим бояд нақши худро дар табиат иҷро кунад ва зимистони соли гузашта ҳам хеле нарм омад ва қаҳратун набуд.

Видеои гул кардани бодом дар чиллаи зимистон дар Данғара:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар чиллаи зимистон дар Данғара гули бодом шукуфт

"Солҳои 1990 мо шоҳиди зимистонҳои шадид будем, то 20 дараҷа ҳам сард шуда буд. Имсол боду ҳаво ва соли гузашта наздик мешавад. Яъне набояд, ки ҳодисаҳои нохушу фавқулодда шавад. Каме баъд барф ҳам меборад. Соли гузашта дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ҳам бодоми кӯҳӣ барвақт гул кард, вале ҳамааш хуб буд",-афзуд ин нуҷумшиноси тоҷик.

Соли 2018 аз назари бисёр кишоварзону деҳқонон воқеан ҳам як соли пурбор, дар бозор меваву сабзавот фаровон ва нархи ин маҳсулот ҳам барои бисёриҳо дастрас буд.