Исми Саида Рустамова, омӯзгори пешини Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова пас аз як баҳсаш бо раҳбари ин муассиса расонаӣ шуд. Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯзи ироаи паёми президент Саида Рустамоваро аз кор дар Коллеҷи хорегорафӣ хориҷ карданд.
Саида Рустамова: "Барои ҳақиқат бояд талош кард"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҳақ ба ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард". Ин паёми як устоди рақс аз Тоҷикистон аст, ки соле пеш барои гӯш надодан ба паёми солонаи президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд.