А.Абдуллоев: "Шӯхиҳои мо чун мардумӣ ҳастанд, зуд ба ҳама писанд меоянд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мисли даҳҳо ҳампешаи худ аз минтақа ба Душанбе барои карйерасозӣ нарафт. Ӯ дар минтақа -- дар шаҳри Бохтар кор мекунад ва аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст. Ин ҳунарманди овозадори театри тоҷик дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи нақшаҳои ояндаи худ сӯҳбат кард.