Бахтиёр Амонов, раиси маркази хидматрасонии бонки "Эсхата" дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, видеоеро, ки гӯиё аз ҷараёни ҷашни таваллуди ӯ сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст, сохта номид. Вай рӯзи 22-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки саҳнаи рақси як гурӯҳи мардон дар болои пул ба ӯ ва ҷашни таваллудаш рабт надорад.
Фақат ошу хӯриш ва чою нон гирифтем. 12 нафар будем. Дар ҳамон ҷо нозири минтақавӣ моро дид, аммо чун нишонаи ҷашни зодрӯз набуд, чизе нагуфт
"Ин навор аз Узбекистон аст ё ҷои дигар"
"Рӯзҳои наздик ба додгоҳ муроҷиат карда, таҳқиқи ҳодиса ва муҷозоти муаллифонро талаб мекунам. Бубинед, пулҳое, ки дар видео дида мешавад ва зери пойи одамон афтодааст, сомонӣ нест. То ҷое фаҳмидам, ин маъракае дар Узбекистон аст, ё кишвари дигар", - гуфт ӯ.
Амонов иддао дорад, ки наворро бо ҳадафи бадном кардани на танҳо ӯ, балки бонки як замон пешсафи "Эсхата" сохтаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷашни зодрӯз дар Хуҷанд бо 500 доллар ҷарима анҷом ёфтСе рӯз пеш дар интернет навори якдақиқаӣ нашр шуд, ки дар он маҳфили хурсандии гурӯҳе аз мардон сабт ёфтааст. Дар видео дида мешавад, мардон дар рӯи пули зиёд мерақсанд ва як нафар ба сари онҳо пул мерезад. Муаллифони навор навиштаанд, ки "ин бесарусомонӣ дар ҷашни зодрӯзи Бахтиёр Амонов аст".
"Воқеан, зодрӯз буд ва мо ошу нон хӯрдем"
Бахтиёр Амонов мегӯяд, воқеан, рӯзи 5-уми декабри имсол зодрӯз дошт ва ӯ пули хӯроки нисфирӯзии ҳамкоронашро додаасту бас.
"Фақат ошу хӯриш ва чою нон гирифтем. 12 нафар будем. Дар ҳамон ҷо нозири минтақавӣ ҳам моро дид. Чун ягон нишонаи зодрӯз набуд, чизе нагуфт. Вале баъди панҷ рӯз маро барои таҷлили зодрӯз ва нақзи қонуни танзим парванда карданд", - шарҳ дод ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шамсулло бо дипломи бонкдорӣ ...мусофиркаш шудПарвандаро додситонии шаҳри Бохтар таҳқиқ мекунад. Мақомот мегӯянд, Амонов баёнот додааст, ки харҷи оши нисфирӯзии ҳамкоронаш беш аз 200 сомонӣ шуд ва онро ӯ пардохт кард.
Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ таҷлили рӯзи таваллудро танҳо дар доираи хонавода иҷоза медиҳад. Дар ғайри сурат, ба сокинон пардохти 5 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 500 доллари амрикоӣ, таҳдид мекунад.
Таъсири видео дар замони буҳрони бонкҳо
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Назари мардум. Қонуни танзим чиро танзим кард? ВИДЕОБархе тамошобинони ин навори видеоӣ, ки ба дуруст будани он бовар кардаанд, мегӯянд, рақси кормандони як бонк дар рӯи пул “таҳқир ба мардум ва муштарӣ дар шароити бӯҳрони бонкӣ аст, ки Тоҷикистон пушти сар мекунад”.
Алимаҳмад Салиҳов, раҳбари намояндагии бонки “Эсхата” дар вилояти Хатлон гуфт, дар шабурӯзе, ки ин ҳодиса рух дод, ӯ дар рухсатии меҳнатӣ буд, аммо ҳамон замон бо корманди бонки зертобеаш дар тамос шуд.
Бархе коршиносон мегӯянд, дар шароити пешрафти фанновариҳо, паҳн кардани матолиби носанҷида ва сохтакоришуда хеле осон шудааст. Аҳлиддин Салимов, мутахассиси фанновариҳои ҷадид, ки ҳоло дар Амрико зиндагӣ дорад, гуфт, “ин корро ҳама карда метавонад. Дар кишварҳои дигар низ аз ин усул кор мегиранд. Агар ба интернет сар занед, мебинед, ки садои афроди бонуфузро аз тариқи компютер сохтаанд ва ҳамин тавр аз ин ҳарфҳо ҳангома мекунанд."
Аз тағйироти кадрӣ то ихтисори кормандон
Моҷарои интернетӣ бо истифода аз исми “Эсхата” дар ҳолест, ки исми ин бонк имсол дар робита бо тағйирот дар сатҳи раҳбарият ва ҳам коҳиши шумори кормандонаш расонаӣ шуда буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бонки миллӣ: "Эсхата" ва "Имон" ба камбудӣ роҳ доданд. ВИДЕОБонки “Эсхата”, ки солҳои 1993-1994 ташкил шудааст, яке аз муваффақтарин сохторҳои молии хусусӣ ба шумор мерафт.
Масъулини бонк мегӯянд, феълан 23 намояндагӣ ва беш аз 200 маркази хидматрасонӣ доранд. Нақши “Эсхата” дар қабул ва интиқоли пули муҳоҷирон дар миёни дигар муассисаҳои молӣ баланд арзёбӣ мешуд. Дороиҳои “Эсхата” моҳи июни соли ҷорӣ наздики 2 миллиард сомониро ташкил медод.