Шикояти як сокини Ашт аз беэътиноӣ ба парвандаи латукӯби ӯ

Сарҳадҷон Юлдошев мегӯяд, баъди латукӯб аз ронандагӣ мондааст.

Сарҳадҷон Юлдошев, сокини ноҳияи Ашт иддао дорад, ки як судиҷрочӣ ва ё маъмури иҷрои қарорҳои додгоҳ ҳамроҳи падараш ӯро сахт латукӯб кардаанд, вале таҳқиқи парвандаи онҳо ба кундӣ пеш меравад.

Сарҳадҷон Юлдошев, сокини ҷамоати Понғоз ва вакили дифоаш бо ирсоли номае аз Додситонии кул хостаанд, дар таҳқиқи парванда мусоидат кунад.

Сарҳадҷон Юлдошеви 33-сола ронандаи таксӣ аст. Ӯ мегӯяд, рӯзи 4 - уми ноябр барои харидани гази моеъ ба як нуқтаи фуруши маводи сухт дар ноҳия рафт ва ба сифати пасти газ эрод гирифт.

Ба қавли Сарҳадҷон, эродаш соҳиби нуқтаи фурӯши маводи сӯхт, Туйчӣ Қушмирзоев ва писараш – Шерзод Тӯйчизодаро ба ғазаб овард ва ҳарду ӯро зери мушту лагад гирифтанд.

“Онҳо аввал бо мушту лагад ба сару рӯю чашмам заданд, 550 сомониамро гирифтанд, баъд бо чӯб заданд. Ман аз ҳуш рафтам. Баъди чанд вақт ба худ омадам ва маро як ҷавон ба беморхонаи ноҳия бурд” гуфт, Сарҳадҷон Юлдошев.

Саидҷон Саидов, вакили дифои Сарҳадҷон Юлдошев мегӯяд, бо вуҷуди сипарӣ шудани якуним моҳ аз ҳодиса, мақомоти пулис парвандаро ба таври бояду шояд таҳқиқ накардаанд.

“Нозири минтақавӣ гӯё ба санҷиши ҳодиса машғул аст, вале то ҳол ягон амалиёти тафтишотӣ доир накардааст. Гумонбаронро напурсидааст. Ба зерҳимояи ман зарари ҷиддӣ расидааст. Барои мо маълум нест, чаро мақомот аз тафтиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҷиноят чашм мепӯшанд? - мегӯяд Саидҷон Саидов.

Мақомоти шуъбаи корҳои дохили ноҳияи Ашт мегӯянд, ҳодисаро тафтиш доранд. Наимхӯҷа Орифхуҷаев, сардори бахши тафтишотии шӯъба дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Оид ба ҳодисаи лату кӯб шудани Юлдошев парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 111 - и Кодекси ҷиноятӣ (расонидани зарари ҷисмонӣ) оғоз кардем ва ҳоло тафтиш дорем. Як нишондоди худи ҷабрдида ҳаст, вале онҳо мегӯянд, ки дар ҷои дигар шатта хӯрда омада буд.”

Наимхӯҷа Орифхӯҷаев ҷузъиёти парвандаро нагуфт. Сарҳадҷон Юлдошев ва вакили дифоаш мегӯянд, ба сабаби кашолкории мақомоти милиса дар тафтиши парванда, ба додситонӣ нома навишта ва хостаанд, ба таҳқиқи ҳодиса мусоидат кунад ва омилони латукӯб ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Худи Шерзод Туйчизода дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ҳодисаи латукуби Сарҳадҷон Юлдошевро тасдиқ ва ё рад накард. Ӯ фақат гуфт, “Ин ҳодисаро мақомот тафтиш доранд, аз онҳо пурсед.”