Мушаррафа Қосимова, ба гуфтаи соҳибназарон "модари театри тоҷик", рӯзи 19-уми декабр садсола шуд. Ба бовари санъатшиносон, хонум Қосимова тавонистааст бо иҷрои нақшҳои зиёде дар театр ва синамо то ба имрӯз ҳунари хонаводагии Қосимовҳоро ба мардуми тоҷик бирасонад.
Расидан ба синни садсолагӣ дар Тоҷикистон, ки умри миёнаи сокинонаш ҳудуди 70 сол аст, камсобиқа мебошад. Ба вижа, ҳоло миёни ҳунармандон ҳеҷ санъаткоре нест, ки ба ин синну сол расида бошад.
Мақомот ва дӯстону наздикон барои табрики Қосимова
Ҳавлии Қосимовҳо дар маркази шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо манзили бархе аз чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистон ахиран тахриб шуда ва ҳоло Мушаррафа Қосимова ҳамроҳи духтараш дар як бинои баландошёна зиндагӣ мекунад. Аз субҳи имрӯз намояндаҳои мақомот, аз ҷумла вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дӯстону наздикон барои табрики Мушаррафа Қосимова ба ин бино меомаданд.
Мушаррафа Қосимова ҳамсари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди мардумии фақиди Иттиҳоди Шӯравӣ ва модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри "Аҳорун" дар Тоҷикистон аст.
Вақте мо ба ошёнаи севуми ин бино баромадем, моро Сулҳия Қосимова, духтари Мушаррафа Қосимова пешвоз гирифт. Дидор бо ҳунарманди садсола моро то андозае шигифтзада ҳам кард, зеро интизор доштем, ки хонум Қосимова рӯйи бистаре мехобад ва мо ӯро табрик мекунему аз пайи корҳои худ мешавем.
Аммо, ғайриинтизор хонум Мушаррафа Қосимова болои кате нишаста, меҳмононро пазироӣ мекард. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хонум Қосимова аз зиндагии садсолааш изҳори шукрона кард ва гуфт, ки бо вуҷуди бархе аз мушкилиҳо умри бобароре дидааст. Вай гуфт, "шукрона мекунам, ки умри хуберо мегузаронам. Худованд чунин умрро ба ҳар яке аз шумо насиб гардонад..."
Ба далели пиронсолӣ шунавоии Мушаррафа Қосимова нуқс пайдо карда, сӯҳбати бештаре бо вай имконпазир нашуд. Сулҳия Қосимова хабар дод, ки аз субҳ меҳмонони зиёде барои табрики модараш омада ва ҳоло Мушаррафа Қосимова андаке хаста шудааст. Ба ин далел, ӯро аз утоқи ташрифотӣ ба хонаи хобаш интиқол додаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамсар ва модари ду ҳунарманди бузург
Мушаррафа Қосимова ҳамсари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди мардумии фақиди Иттиҳоди Шӯравӣ ва модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри "Аҳорун" дар Тоҷикистон аст. Фаррух Қосимове, ки ба эътиқоди соҳибназарон бо таъсиси “Аҳорун” дар театри тоҷик инқилобе барпо карда буд.
Феълан Сабоҳат Қосимова, ҳамсари Фаррух Қосимов раҳбарии ин театрро ба зимма дорад. Фирдавс Қосимов, писари ин хонадон дар посух ба ин савол, ки кадоме аз вижагии модарбузургашро метавонад зикр кунад, гуфт, "сабурӣ хислати ҷолибу доимии бибиам мебошад. Маҳз бо ин хислати худ он кас тавонистанд душвортарин рӯзҳои зиндагии худро паси сар кунанд".
Аз Самарқанд ба Душанбе
Мушаррафа Қосимова даҳаи 1930 баъд аз кӯч бастани оилааш аз Самарқанд ба Душанбе ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд дохил шуд. Аммо дертар падарашро роҳбарияти вақти истибдодии сталинӣ "душмани халқ" эълон карданд ва Мушаррафа Қосимова маҷбур шуд барои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр дохил шавад.
Мушаррафа Қосимова нахуст бо Абдулҳақ Усмонов издивоҷ кард, ки соли 1942 дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар наздикии Сталинград кушта шуд. Соли 1946 вай бо ҳунарманди маъруфи вақт Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ кард. Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.
Вай Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мебошад ва дар намоишномаҳои "Ҳаёт ва ишқ"-и Файзулло Ансорӣ, "Гавҳари шабчароғ"-и Сотим Улуғзода, "Дохундаи"-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои "Нисо", "Вохӯрӣ дар дара" ва "Дарду алами Афғонистон" нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи "Исёни арӯсон" ва "Ҷон модаракон" нақши модарро иҷро кардааст.
"Ҳама нақшҳои Мушаррафа Қосимова мусбат буданд"
Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони тоҷик, ки низ ба табрикоти Мушаррафа Қосимова ба манзили ин ҳунарманд омада буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "модари театри тоҷик" дар зеҳни тамошобини тоҷик асосан бо нақшҳое дар хотир мондааст, ки шахсияти модарро таҷассум мекунанд. Ба эътиқоди ҷаноби Ҳақдод, ҳамаи нақшҳои офаридаи хонум Қосимова мусбат буданд.
Вай афзуд, "Мушаррафа-ойти тавонистанд то ба имрӯз ҳунари хонаводагии Қосимовҳоро ба тамошобини тоҷик бирасонанд. Ифтихор дорам, ки аз ҳунари он кас баҳравар шудаам. Бовар кунед, иҷрои ҳамаи нақшҳоро хеле хирфаӣ анҷом медиҳанд ва то ҳол куллияи коргардонҳо иброз медоранд, ки наворгирии филмҳо бо ширкати Мушаррафа Қосимова хеле басуръат анҷом меёбад. Зеро, он кас нақшҳоро ҳирфаӣ иҷро мекунанд ва зарурати наворгирии дубораву себора аз байн меравад".
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки ҷашни садсолагии Мушаррафа Қосимова ҷашни тамоми фарҳанги кишвар аст. Зеро, ба эътиқоди вай, ҳамаи ҳунармандони театри тоҷик эътироф кардаанд, ки Мушаррафа Қосимоваро модари ҳунарии худ медонанд.
Худи Мушаррафа Қосимова ба ҳар яке аз меҳмононе, ки имрӯз барои табрикаш омаданд, як нусха китоберо тақдим кард, ки "Модари театри тоҷик" унвон дошта, коршиносон бардоштҳояшон аз ҳунари ӯро рӯйи қоғаз овардаанд.