Соли муваффақи лимӯпарварон дар Хатлон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Соли 2018 барои лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун муносиб омад. Меваи тиллоранги хушбӯ, ки дар иқлими субтропикӣ мерӯяд, имсол табъи аксар хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзонро шод кард. Дарахтҳои сермеваи гармхонаҳо мунтазири харидор ҳастанд ва мусаллам аст, ки аксари ин меваҳои хуштамъ то бозори Русияву Қазоқистон бурда мешаванд. Лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун, ки дар ҳудуди 125 гектар лимӯ парвариш кардаанд, интизор доранд, ки беш аз 3,5 ҳазор тонна ҳосил ба даст меоранд.