Қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон аз дасти ғоратгарон кушта шуд. АКС

Акс аз хабаргузории Азия Плюс

Дар шаҳри Душанбе яке аз мураббиёни шоистаи гӯштӣ дар Тоҷикистонро дафн карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи ду ҷавони ғоратгар ба ҳалокат расид.

Маросими видоъ бо Иван Полякови 82-сола рӯзи ҷумъа 14-уми декабр дар калисои насрониҳо дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Шаҳобиддин Мансуров, яке аз шогирдони Иван Поляков ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 8-уми декабр ду ҷавон шабона бо ҳадафи дуздӣ ба хонаи Иван Поляков воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид шуда, ба ӯ ҳамла карданд.

“Дару тирезаи хонаи ӯро шикаста даромадаанд, ва аввал бо табуретка як бор дар сараш задаанд, ду се мушти дигар ба рӯяш задаанд, беҳуш шудааст. Баъд 2800 сомонӣ як бухорӣ ва телефонро дуздида рафтаанд” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Дар робита ба ин ҳодиса пулис ду нафарро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, аз ҳамсояҳои Поляков ҳастанд. Табибон гуфтаанд, ки муррабии собиқадор дар натиҷаи зарбаи сахте, ки ба сараш задаанд, хунрезии мағзӣ шудааст.

Шаҳобиддин Мансуров бо устодаш Иван Поляков

Иван Поляков, бештар аз ним аср дар Тоҷикистон ба варзишгарони тоҷик гуштии юнониву румӣ дарс медод ва барои хидматаш соҳиби ҷоизаву ифтихорномаҳои зиёд шудааст.

Ӯ се дафъа қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гуштии юнониву румӣ ва як дафъа қаҳрамон оид ба гӯштии тарзи озод шуд. Унвони устоди варзиши шӯравии собиқро дошт.

Ба гуфтаи Шаҳобиддин Мансуров, мураббии шинохта, вақтҳои ахир мушкили биноӣ дошт ва қарор буд, ба зудӣ чашмони ӯро ҷарроҳӣ кунанд. Шаҳоббидин барои бурдани устодаш ба шифохона ба хонаи ӯ омад, вале мураббии шинохтаpo дар хун оғушта пайдо кард.

“Соати 10 рӯз бояд ӯро ба шифохона мебурдам, чашмонашро ҷарроҳӣ мекардем ва пардаеро, ки дар чашмаш пайдо шуда буд, мегирифтaнд. Ман як соат дер кардам ва соати 11 рафтам. Хона даромадам, ки рӯи диван хоб аст, ҳама ҷо хун, чашмонаш варам аслан шинохта намешуд. Сараш варам карда буд” – гуфт, Шаҳобиддин.

Мансуров ҳамон лаҳза ба ёрии таъҷилӣ ва шӯъбаи умури дохилӣ занг зада онҳоро ба маҳалли ҳодиса даъват кардааст. Иван Поляковро ба шифохонаи Қарияи боло бурдаанд. Ӯ дигар ба ҳуш наомад ва баъди панҷ рӯз даргузашт.

Шаҳобиддин Мансуров мегӯяд, мураббии шоистаи Тоҷикистон аз он ғамгин буд, ки пеши чашмонашро “ғубор гирифтааст” ва дуруст дида наметавонист.

Ба қавли Шаҳобиддин, дуздҳо эҳтимол медонистанд, ки Поляков танҳо аст, дуруст намебинад ва шояд ба ин хотир хонаи ӯро интихоб карданд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, яке аз ин ҷавонон 21 ва дигарӣ 23-сола будаанд ва рӯзи 10-уми декабр боздошт шуданд. Мақомоти интизомӣ ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Иван Поляков, ки зану фарзандаш дар Русия ҳастанд, солҳо боз танҳо зиндагӣ мекард. Ба гуфтаи Шаҳобиддин, ӯ барои нигоҳубини волидони пираш дар Тоҷикистон монд ва нахост мисли дигар ҳаммилатҳояш ба Русия баргардад. Шаҳобиддин аз мураббиаш ба ҳайси инсони ҳалиму меҳрубон ёд кард.

“Ҳамеша муомилаи хуб мекард, гапи бад намезад, ҳама эҳтиромаш мекарданд. Чандин кас ба ӯ гуфтанд, биё ҳамроҳи мо зиндагӣ кун, мо шуморо нигоҳубин мекунем, вале ӯ не мегуфт. Ҷиянҳояш борҳо гуфтанд, ба Русия биё, нарафт” - гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Иван Поляков соли 1936 дар шаҳри Тамбови Русия ба дунё омадааст ва се дафъа қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гуштии юнониву румӣ шудааст.

Барои пирӯзӣ ва дастовардҳояш ба ӯ унвони мураббии шоистаи Тоҷикистонро доданд. Паҳлавонони тоҷик ба мисли Олим Аланазаров, Фарҳод Ниёзов, Набӣ Кароматов аз шогирдони ӯ ҳастанд ва дар мусобиқоти байналмилалӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд.

Худи ӯ дар як мусоҳиба бо хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, “Ҳар шогирди ман ва варзишгари моҳир ва заҳматкаш, ки қаҳрамон нашудааст, барои ман як мусибат аст. Ман медонам, ки қаҳрамонӣ на ба ҳам муяссар мешавад, аммо дидани ҳар нокомии онҳо барои ман дарднок аст.”