Ҳасан Азимов, собиқ мудири корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ, баъди чаҳор соли раҳоӣ аз зиндон, дубора дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Хайрулло Фатуров, муфаттиши идораи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 5-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ба "қаллобӣ" (қисми 4-и банди 247-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст. Як манбаи огоҳ аз қазия дар ниҳоди дигари интизомии Тоҷикистон гуфт, "Ҳасан Азимов ба он гумонбар аст, ки замин ва биноҳои корхонаи паррандапарвариро барои бунёди хона ба сокинон додааст".
"Боздошти ӯ ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданаш бар асоси шикояти як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи “Истиқлол”-и ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифтааст", - афзуд мусоҳиби мо.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Бори аввал бар асоси қонуни афв озод шуд"
Ҳасан Азимов бори аввал 11 соли пеш бо ҷурми фурӯхтани 73 гектар замини корхона бар ивази 500 ҳазор сомонӣ, сӯиистифода аз мақом ва бисёрзанӣ ба зиндон маҳкум шуда, бар асоси қонуни афв озод гардида буд. Маълум нест, ки назари ӯ ба парвандаи нав чист. Яке аз наздиконаш дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми декабр гуфт, ки ӯ дар боздоштгоҳ буда, аз бемории қанд ранҷ мебарад.
Корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакиро замони Шӯравӣ ҳамчун “Корхонаи мурғпарварии ноҳияи Ленин” мешинохтанд. Қаламраве дар ҳудуди тақрибан 100 гектар замин, ки макони истеҳсоли миллионҳо дона тухм ва гушти мурғ ва як корхонаи муҳими истеҳсолӣ ба шумор мерафт, баъди пошхӯрии Шӯравӣ хеле тағйир ёфт. Корхонае, ки қаблан давлатӣ буд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он марҳила ба марҳила хусусӣ шуд.
"Аз корхонаи як замон машҳур чизе намондааст"
Қисмати мурғпарварии корхона феълан дар ҳудуди 2 ҳектар замин боқӣ мондааст. Тибқи иттилои Раёсати омори ноҳияи Рӯдакӣ, дар ин корхона ҳамагӣ 5 ҳазор мурғ парвариш шуда, аз аввали сол 43 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Ин дар ҳолест, ки то се даҳсола пеш ин корхона як миллион мурғ дошт ва аз дигар минтақаҳои кишвар омада, тухм мебурданд.
Маҳаллаи истиқоматие, ки дар ҳудуди корхона ташкил шудааст, беш аз 6 ҳазор сокин дорад. Мақомот гуфтан, аксар хонаҳои бунёдшуда дар маҳаллаи ба номи “Истиқлол”-и ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия, ки корхонаи мурғпарварӣ ҳам бахше аз он аст, ҳуҷҷати расмӣ надоранд.
Ислом Умаров, як корманди корхонаи мурғпарварӣ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳасан Азимов баъди он боздошт ва гумонбар шуд, ки дар ҳуҷҷатгузории хонаҳои сохташудае дар ҳудуди корхона таъхир сурат гирифт. Ӯ гуфт, “корхона ба номи як духтараш аст. Аз сабаби он ки духтараш дар Амрикост, масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ сари вақт амалӣ нашуд. Бе ҳузури нафаре, ки корхона ба номаш аст, масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ имконнопазир шуд”.
Мақомот мегӯянд, хонаҳои сокинон "ғайриқонунӣ аст"
Мирзомуддин Холов, заминсози ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ низ гуфт, аксар хонаҳое, ки дар ҳудуди корхонаи мазкур сохта шудаанд, ғайриқонунӣ буда, санади истифода аз заминро надоранд. Ӯ мегӯяд, “борҳо сокинонро огоҳ кардем, аммо ба сохтмони хонаҳояшон идома доданд. Мақомот ин хонаҳоро ҳамчун сохтмонҳои ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд.”
Вале соҳибони ин хонаҳо дар баҳси қонунмандии манзилҳо худро ҳақ меҳисобанд. Даъвои аксари онҳо ин аст, ки бахши аъзами санадҳои расмиро дар ихтиёр доранд ва ҳам як суол доранд, ки чаро замони бунёди ин ҳама биноҳо ҳеҷ нафар ё масъуле монеи сохтмонҳо нашуд.
Қиёмиддин Асомуддинови 63-сола, як сокини маҳаллаи Истиқлоли ҷамоати Мирзо Турсунзода, ки дар ҳудуди корхонаи мурғпарварӣ манзил бунёд кардааст, иддаои заминсози ҷамоатро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, замоне ки сохтмони хонаҳо идома дошт, “ҳеҷ кас даъво накард ва назди мо наомад, аммо вақте хонаро сохтем, акнун аз мақомоти ноҳия комиссия омада, мепурсад, ки чаро бидуни ҳуҷҷат хона кардед?”
"Духтарам 19-сола шуд, санад намедиҳанд"
Қиёмиддин Асомуддинов ҳамроҳ бо хонаводааш ду даҳсола пеш ба ин ҷо бо нияти шурӯи зиндагӣ дар наздикиҳои пойтахт омадааст. Бо умеди ин ки аз ноҳияи Рӯдакӣ равуо ба пойтахт осонтар аст, Асомуддиновҳо дар ҳудуди корхонаи мурғпарварӣ хона бунёд карданд. Ӯ гуфт, “мо аз ноҳияи Ғозималик ба ин ҷо омадаем. Чанд сол мешавад, ки дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорем. Як духтарам ҳамин ҷо ба дунё омадааст ва ҳоло синнаш ба 19 расидааст. Аз сабаби он ки дар қайди ҷамоат нестем, натавонистем барояш шиноснома гирем. Борҳо ба ҳукумати ноҳия ва ҷамоат муроҷиат кардем. Онҳо мегӯянд, сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро биёред.”
Қиёмуддин Асомуддинов ягона сокине нест, ки баъди бунёди манзили зист ба мушкили дастрас кардани санадҳои зарурӣ барои фарзандонаш рӯ ба рӯ шудааст. Номуайян будани мақоми ҳуқуқии ин хонаҳо боиси ҳалношуда мондани масъалаҳои дигари марбут ба таъмини шароити оддитарини иҷтимоӣ шудааст.
"На партовгоҳ ва на мактабу беморхона"
Сокинони ҳудуди корхонаи паррандапарварӣ аз оддитарин шароити зист маҳрум ҳастанд. Гулҷаҳон Қурбонова, сокини ин маҳалла, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо на партовгоҳи расмӣ доранд ва на боғчаи кӯдаконаву мактабу беморхона. “Бубинед, роҳҳои мо дар чӣ вазъанд, мо намедонем партовҳои худро дар куҷо партоем, гоҳе дар танӯр андохта месӯзонем ва баъзан вақт ҷамъ карда, дар лаби дарё мепартоем. Шароит нест, маҷбур ҳамин корро мекунем”, - афзуд Гулҷаҳон Қурбонова.
Моҷарои бунёди хонаҳои бидуни иҷозат дар ҳудуди корхонаи собиқи мурғпарварии ноҳияи Рӯдакӣ бори аввал солҳои 2007-2008 расонаӣ шуд. Дар доираи таҳқиқи парвандаи соҳибкор Ҳасан Азимов, Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, фурӯши қитъаҳои замин барои манзили зист аз ҳудуди корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ ва асноди манзили ҳудуди 400 хонавода ғайриқонунӣ аст ва ба тахриби ин манзилҳо ва баргардонидани қитъаҳои замин амр дод. Ин ҳодиса боиси эътирози сокинон шуд, ки барои додхоҳӣ ба ҳукумати кишвар муроҷиат карданд. Он замон ин маҳалла Зайнабобод ном дошт ва баъдан ба Истиқлол тағйири ном кард.
Саёҳат Дадаҷонова, раиси ҷамоати шаҳракаи Мирзо Турсунзода, ки Истиқлол ба ҳудудҳои маъмурии он дохил мешавад, гуфт, баъди ин як қисми хонаҳои ин макон авф шуда, соҳибони баъзе манзилҳо санад гирифтанд. Ба гуфтаи Дадаҷонова, ин хонаҳо баъдан расман ба қайди ҷамоат ворид шуданд. Вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, қисме аз сокинон бо як ҳуҷҷати фабрикаи мурғпарварӣ меоянд ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин надоранд.
"Дарди бедаво"
Сарнавишти муаллақи сокинони ин маҳалла дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз заминфурӯшиҳои густурдаи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ интиқода карда, изҳор дошт, ки он ба як дарди бедаво табдил ёфтааст. Қаблан раиси ҷумҳур интиқод намуда буд, ки дар макони як корхонаи бузурги парандапарварии ноҳияи Рӯдаки ҳазороҳо хона ба таври ғайриқонунӣ сохта шудааст.
Ноҳияи Рӯдаки аз сераҳолитарин ноҳия дар Тоҷикистон буда, аҳолии он наздики ним миллион нафарро ташкил медиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин ноҳия ба шаҳри Душанбе хеле наздик аст, афроде, ки барои кору зиндагӣ ба шаҳри Душанбе меоянд ва шароити харидани манзил дар пойтахтро надоранд, бештар ба бунёди хона дар ҳудуди ноҳияи Рӯдаки таваҷҷӯҳ мекунанд.