Мастонаи Асо: "Дар ҷустуҷӯи шавҳар нестам, дар ҷустуҷӯи адолатам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Талоши яксолаи Мастонаи Асо, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, барои барқарор кардани обрӯяш нақшаҳои зиндагии ин духтари 21-соларо тағйир дод. Мастонаи Асо моҳи августи соли 2017, пас аз ду рӯзи арӯсӣ бо ҷавоне аз ноҳияи Ховалинг, бо иттиҳоми “нодухтарӣ” аз хонаи шавҳар ронда шуд.