Вакили дифои Диловар Гулов, писари вазири собиқи энержии Тоҷикистон, ки барои латукӯби як корманди пулис ба як соли зиндон маҳкум шуд, рӯзи 27-уми ноябр бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дидор кард. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми ноябр Диловар Гуловро аз рӯи моддаи "авбошӣ" ба як соли зиндон маҳкум намуд.
Қазияи боздоштиДиловар Гулов давоми чанд моҳи ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баррасӣ шуд.
Саодат Амиршоева, вакили дифои Диловар Гулов рӯзи 27 ноябр дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи сешанбе зерҳимояаш ба ӯ гуфт, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаи кассатсионӣ шикоят намебарад. "Шояд дигар бовар намекунад, ки ҳукмашро тағйир медиҳанд. Вале пушаймон шудааст. Мегӯяд, ки аз ин ҳодиса барои худ як дарси хубе гирифт ва дигар кӯшиш мекунад дар зиндагӣ қонуншиканӣ накунад", - гуфт Амиршоева.
Ба иттилои ӯ, Гулов дар утоқи боздоштгоҳ ҳамроҳ бо афроди зиёд нигаҳдорӣ мешавад, "шароиташ мисли ҳама аст, аз чизе шикоят надорад" ва бояд ба зудӣ ба зиндон интиқол ёбад. Ҳанӯз маълум нест, ки кай ва ба кадом муассисаи ислоҳӣ барои адои ҷазо фиристода мешавад. Дар фурсати холӣ, ба гуфтаи вакил, "китобу газета мехонад" ва аз чизе шикоят надорад.
Ба гуфтаи вакили Диловар Гулов, падари ӯ Гул Шералӣ, ки аз ҳодисаи рухдода бисёр нороҳат ва афсурда шуд, то ҳол ба дидори писараш нарафтааст.
Эътирофи як қисми гуноҳ
Диловар Гулов, ба гуфтаи наздиконаш, як соҳибкор ва муассиси нуқтаи таъмири мошинҳо дар ноҳияи Данғара, падари ду фарзанд аст. Дар мурофиаи охирини додгоҳӣ ӯ худро қисман гунаҳкор эътироф карда, гуфт, ки ҳодисаи латукӯби Дилшод Нарзуллозода бо айби худи ӯ сар зад.
Ҳодисаи латту кӯби Дилшод Нарзуллозода -- корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва боздошти Диловар Гулов шоми 8-уми июл иттифоқ афтод. Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сарзадааст.
Баъдан табибон гуфтанд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст. Табибони бемористони Қарияи Боло он замон ҳамчунин гуфтанд, ки аз ноҳияи сараш осеби ҷиддӣ дидааст.
Парванда нисбати Дилшод Нарзуллозода
Саодат Амиршоева гуфт, ки баъди содир шудани ҳукми Диловар Гулов, нисбати Дилшод Нарзуллозода ҳам санҷиш шурӯъ шуда, ӯро аз рӯи моддаи "баромадан аз салоҳиятҳои хидматӣ", таҳқиқ мекунанд. Вай гуфт, ки Нарзуллозода "аввал шуда Диловарро таҳқир кард" ва парвандаи бозшуда амалкарди ин афсари полисро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Вирди забони матбуот
Номи Диловар Гулов аз ин пеш моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳриДушанбе боздошт карданд.
Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст.
Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон дар як сӯҳбати худ ба Радиои Озодӣ он замон дар бораи писараш Диловаргуфта буд: "Мумкин аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус умури дохилӣ ягон "шикоре" аз пушти фарзандони мо аст."
Қазияи боздошти Диловар Гулов давоми чанд моҳи ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баррасӣ шуд. Бархе бо ишора ба фарзанди як мақомдори собиқ ва бонуфуз будани Диловар Гулов тахмин мекарданд, ки дар ниҳояти амр эҳтимолан Диловар аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд. Бархе бо ишора ба фарзанди Гул Шералӣ будани ӯ мегуфтанд, ки дар ниҳоят дигарон дар латукӯби милиса "гунаҳкор" мебароянд ва Диловар озод хоҳад шуд.
Аммо зоҳиран мақомоти умури дохилӣ корро ҷиддӣ гирифтаанд ва писари собиқ Вазири энержии Тоҷикистон ҳоло бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ барои як сол равонаи зиндон шуд.