Мизони ҷарима ва пардохтҳо дар Тоҷикистон боло рафт. ВИДЕО

Аз 1-уми январи соли 2019 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт. Барои мисол, агар ҷарима барои сурх гузаштан аз чароғаки роҳ то ин вақт 250 сомонӣ буд, аз моҳи январ ронандагон барои чунин қонуншиканӣ 275 сомонӣ пардохт мекунанд.

  • Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикисмтон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 50 сомонӣ аст. Аз соли нав 55 сомонӣ мешавад.
Ҷаримаҳои ҳозира бе ин ҳам баланд аст, акнун аз куҷо пул ёфта ҷаримаи зиёдтар месупорем?

Ин тағйирот дар қонуни будҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 ворид шудааст ва ин қонун ҳафтаи гузашта аз тарафи вакилони порлумон тасвиб гардид. Олимҷон Бобоев, вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим ба поён рафтани қурби асъори миллӣ дар баробари арзи хориҷӣ вобаста аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, "ҳадафи ҷилавгирӣ аз қонунвайронкуниҳои зиёд дар ҷомеаро дорад".

Дар ду соли охир бори дувум аст, ки ҳаҷми ҷаримаҳо дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Соли 2017 ҳаҷми "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" аз 40 сомонӣ ба 50 сомонӣ расонда шуд.

Олимҷон Бобоев

Дар Сарраёсати буҷети Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “нишондиҳанда барои ҳисобҳо” аз рӯи меъёри таваррум ҳисоб мешавад. Ба ин хотир ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳадафи аслӣ аз боло бурдани ҳаҷми ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ ин таваррум ё беқурбшавии асъор аст.

Дар зимн, бар асоси тағйироти нав ҳама намуди ҷаримаҳо – шурӯъ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук ба андозаи даҳ дар сад зиёд мешаванд. Баъзе намуди боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад ва нархҳои онҳо низ гарон хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мизони ҷарима ва пардохтҳо дар Тоҷикистон боло рафт

“Ҷаримаҳо бе ин ҳам баланд аст”

Хабари боло рафтани ҳаҷми ҷаримаҳоро сокинони оддӣ бо норизоиятӣ қабул мекунанд. Абдулатиф Одилов, ронандаи тоҷик, мегӯяд, ҷаримаҳо бе ин ҳам баланд аст ва беҳтар буд мақомот дар фикри коҳиши онҳо мешуданд, на боло бурдан.

Ин сокини шаҳри Ваҳдат, ки ба мусофиркашонӣ машғул аст, мегӯяд, ҳар моҳ то 300 сомониаш барои пардохти ҷарима меравад. Маблағе, ки ба гуфтаи Одилов барои ӯ кам нест. "Барои набастани тасма 50 сомонӣ ҷарима мекунанд, агар як сония дар чароғак дер кунӣ, камера сабт мекунад ва 180 сомонӣ ҷарима месупорӣ. Бе ин ҳам ҷойи кори хуб нест, бо як азоб аз мусофиркашӣ нон меёбем. Ин ҷаримаҳои ҳозира бе ин ҳам баланд ҳастанд, акнун боз аз куҷо пул ёфта ҷаримаи зиёдтар месупорем?" - гуфт ин ронандаи тоҷик.

Мавзӯи гарон будани ҳаҷми ҷаримаҳо бо назардошти вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки сокинон дар пайи ҷаримаҳои ҳангуфт даст ба худкушӣ заданд.

Аз ҷумла, имсол Олимхӯҷа Муҳаммадиев, сокини миёнсоли ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудан худкушӣ карда буд. Мақомот ӯро барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани мошини писараш ин миқдор ҷарима карда буданд.

“Саноатро пеш баред...”

Таҳлилгарон мегӯянд, ба хотири беқурбшавии пули миллӣ боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳо, ки мақомот онро далели аслӣ медонанд, баҳсбарангез аст. Ба гуфтаи коршиносони иқтисодӣ, роҳҳои дигаре вуҷуд доранд, ки метавонанд таъсири поёнравии қурби асъорро кам кунанд.

Шамсиддин Ҷалолов

Шамсиддин Ҷалолов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ гуфт, ба ҷойи боло бурдани қиматҳо бояд роҳҳои алтернативии коҳиши таъсири таваррумро амалӣ кард. “Ин бештари кардани саноати ватанист, ки ҳоло мушкили зиёд дорад. Бахусус вобаста ба андозҳо. Чӣ қадар, ки саноати ватанӣ бештар шавад, эҳтиёҷ ба баландравӣ намемонад”, - гуфт ин таҳлилгари тоҷик.

Ҷалолов мегӯяд, боло бурдани “нишондиҳанда барои ҳисобҳо” барои буҷет шояд маблағи бештар орад, аммо ба сабади истеъмолӣ таъсири манфӣ мерасонад.