Ҳамида Рӯзиматова, раҳбари ширкати таблиғотии "Абрис" аст. Ӯ ду сол пеш раҳбарии ин корхонаро ба ӯҳда гирифт. Ин ширкат, ки 25-сол боз фаъолият дорад, замоне ба дасти Ҳамида гузашт, ки дар бӯҳрони шадиди молӣ қарор дошт.
Ҳамида мегӯяд, ки корро дар шароити сангин оғоз кард
Духтараки 23-солае, ки орзуи шарқшинос шуданро дошт, баъди марги падар раҳбарии ширкатро ба ӯҳда гирифт ва дарси тиҷорату соҳибкории ӯ якбора чолишбарангез шуд. Мегӯяд, аз сӯе шурӯи кори нав дар шароити сангин барояш дарси хуби соҳибкорӣ шуд.
Иқтисодшиносон мегӯянд, ки бӯҳрони иқтисодии чанд соли охир бисёр ширкатҳоро аз байн бурд. Бисёриҳо муфлис шуданд, дигарҳо тасмими пешгирикунанда гирифта, корхонаҳои худро бастанд.
"Корро дар ҳоли бӯҳронӣ шурӯъ кардам ва ба ин ҳолат одат намудаам. Аммо агар бо солҳои қаблӣ муқоиса кунем, фармоишҳо ба маротиб кам шудааст. Дигар фаромишҳои бузург нест. Нисбат ба солҳое, ки падарам раҳбар буд, кор хеле суст шудааст".
Ҳамида Рӯзиматова мегӯяд, хеле зуд дарк кард, ки бояд ин чолишҳои тиҷоратӣ ва бетаҷрибагиро пушти сар карда, кори ширкатро ба самти мусбат гардонад ва аз пайи пешрафту даромад шавад. Вазифаи ӯ берун овардани ширкат аз бӯҳрони молӣ буд. Мегӯяд, бо омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои байналмилалӣ ӯ як стратегияи зиддибӯҳрониро рӯи даст гирифт.
"Ман маҷбур шудам, қариб нисфи кормандонро ихтисор кунам. Онҳо афроде буданд, ки қабл аз ман инҷо кор мекарданд. Хеле мушкил буд. Вақте ба ин кор даст мезанӣ, мефаҳмӣ, ки аксари онҳо мушкили молӣ доранд. Ҳадафи ман ҳифзи кори ширкат буд".
Иқтисодшиносон мегӯянд, ки бӯҳрони иқтисодии чанд соли охир бисёр ширкатҳоро аз байн бурд. Бисёриҳо муфлис шуданд, дигарҳо тасмими пешгирикунанда гирифта, корхонаҳои худро бастанд. Танҳо дар панҷ моҳи соли 2018 беш аз 12 ҳазор корхона, ширкат ё соҳибкори инфиродӣ аз ӯҳдаи рафъи буҳрон набаромада, муфлис шуд. Сангинии андозҳоро аксар соҳибкорон монеи пешрафту кор меноманд. Тавре як вакили парлумон ҳисоб кардааст, соҳибкори тоҷик аз ҳар 1 сомонӣ 80 дарсад ё 80 дирамашро барои пардохти ҳама навъҳои андоз месупорад.
Бархеҳо ихтисор, иддае аз имтиёзҳо маҳрум шуданд
Нафароне, ки корро дар ширкати таблиғотии “Абрис” идома доданд, ҳамчунон аз таъсири бӯҳрон дар канор намонданд. Ситорабону Нурзода, ки дар ин ширкат ба ҳайси мудир ё менечер кор мекунад, мегӯяд, қаблан хӯроки нисфирӯзӣ ва роҳкирои ӯ аз ҳисоби корхона буд. Аммо баъди ба бӯҳрон гирифтор шудан, аз ин имтиёзҳо маҳрум шуданд. Акнун корхона барои ӯ сити-корт харидааст ва танҳо тариқи автобус ва троллейбус барои анҷоми корҳояш меравад.
Аз ширкатҳои бузург сар карда то савдогари бозор дар кишвар ҳама танҳо ба донишу малака ва имкониятҳои худ умед мебандад. Чун, ба гуфтаи онҳо, барномаҳои хосе вуҷуд надорад, ки дар ин ҳолат дасти онҳоро бигирад.
Муқаддам Абдуҳамидова чор соли охир дар бозор сабзавот мефурӯшад. Аз соати 6-и субҳ то 6-и шом сари кор аст. Ӯ ҳам мегӯяд, ба бӯҳрони молӣ гирифтор шудааст. Маҳсулоташ харидори кам дорад. Аммо ба фарқ аз Ҳамида, ӯ барои баромадан аз ин бӯҳрон талош намекунад. Ӯ мегӯяд, дар як ҳафта панҷ рӯз қариб, ки бекор аст ва танҳо рӯзҳои истироҳат каме тиҷораташ гарм мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кишоварзон пуштибонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон ягона самти соҳибкорие, ки аз сӯйи ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ бештар аз дигар бахшҳо дастгирӣ меёбад, соҳаи хоҷагии қишлоқ аст. Соли 2016 ҳукумати кишвар бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт тарҳи бузургеро роҳандозӣ кард, ки мӯҳлати амалаш шаш солро дар бар мегирад. Лоиҳаи "Тиҷоратикунонии маҳсулоти кишоварзӣ" 22 миллион доллари амрикоӣ маблағ дорад. Дилором Раҳматова, мушовири ин лоиҳа мегӯяд, ҳадаф ба ҳам овардани истеҳсолкунанда, нигоҳдоранда ва фурӯшандаи маҳсулот аст.
Абдуқодир Маҳмадалиев, яке аз хоҷагидороне аст, ки аз кӯмакҳои ин лоиҳа баҳра мегирад. Ӯ се гектар замин дорад ва навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро дар заминаш кишт мекунад. Абдуқодир ҳам ду сол пеш ба бӯҳрон гирифтор шуд ва ҳамин лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ буд, ки ширкати ӯро аз муфлисӣ наҷот дод. Ӯ мегӯяд, дар семинарҳои омӯзишии ин лоиҳа иштирок мекунад ва тарзи бархурд ва рафтор дар шароити бӯҳрониро аз мутахассисон меомӯзад.
Абдуқодир то се соли пеш дар ширкатҳои давлативу ғайридавлатӣ фаъолият мекард. Ҳамаро канор гузошту хоҷагидор шуд. Мегӯяд, бо онки нархи сӯзишвориву нерӯҳои минералӣ гарон шудааст, ӯ метавонад харҷашро пӯшонад.
Абдуқодир маҳсулоташро ба бозор намебарад. Ӯ дар назди заминаш дӯконе дорад, ки ҳамсар ва фарзандонаш ҳосили ҷамъовардаашонро ба фурӯш мебароранд. Ният дорад, маҳсулоташро ба хориҷи кишвар ҳам содир кунад.
Дар ҳоле, ки Абдуқодир Маҳмадалиев дар фикри ба хориҷ содир кардани маҳсулоташ аст, Ҳамида Рӯзиматова талош дорад, мизоҷонашро дар дохили кишвар аз даст надиҳад. Ҳамида аз роҳи кам кардани нирӯи кориву ихтисори хароҷот тавонист стратегияи корро ҳам дигар кунад ва ҳоло имкони кӯчидан ба офиси наву васее ҳам пайдо кард.
Ҳамида Рӯзиматова мегӯяд, агар дар чунин шароит имкони дарёфти қарзҳои боимтиёзи бонкӣ мешуд, бисёр ширкатҳои дучори бӯҳрон аз мушкили басташавӣ мераҳиданд.