Як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд.
Максим Колосветов, афсари хадамоти матбуоти пулиси шаҳри Маскав, рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи ин ҳодиса ҳоло дар идораи пулиси ноҳияи Вешняки тафтишоти корӣ шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи Колосветов, рӯзи 21-уми ноябр як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон ба идораи пулиси ноҳияи Вешняки оварда шуданд, ки бо ҷурми роҳзанӣ айбдор мешуданд.
“Вазъи саломатии шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон бад шуд ва дар идораи пулис фавтид. Пизишкони “Ёрии таъҷилӣ” даъват шуданд ва тибқи ташхиси ибтидоии онҳо ин нафар бар асари бемории дил даргузаштааст”, - афзуд ӯ.
Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рӯзи 23-юми ноябр ба идораи пулиси ноҳияи Вешнякии шаҳри Маскав рафта, ҳуввияти шаҳрванди фавтидаи кишварро маълум карданд. Ӯ Шоев Илҳомиддин Шарофуддинович буда, 7-уми апрели соли 1980 таваллуд шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гуфтанд, ҷасади Илҳомиддин Шоев ҳанӯз дар сардхона нигоҳдорӣ мешавад ва қарор аст, рӯзи шанбе ба хотири муайн кардани сабаби марг ташхис шавад.
Дар ин хадамот гуфтанд, танҳо пас аз анҷоми ташхис ҷасадро ба Тоҷикистон мефиристанд.
Ҳодисаҳои мушобеҳ дар Русия зуд-зуд рух медиҳад. Аммо дар аксар ҳолат ҷустуҷӯи адолат аз тарафи муҳоҷирон бо ихроҷ ва ё депортатсияи онҳо хатм мешавад.
Се сол қабл дар шаҳри Санкт-Петербург нозирони пулис дар шуӯбаи корҳои дохилӣ тифли панҷмоҳаро аз дасти модараш гирифтанд ва баъди як рӯз ҷасади беҷони ӯро ба волидон доданд. Талошҳои ин хонавода барои ба ҷавобагарӣ кашидани корманди пулис бенатиҷа анҷом ёфт, чун модари тифл билофосила аз Русия ихроҷ карда шуд.