Вакили маҷрӯҳи қирғиз дар бемористони Тоҷикистон даргузашт. ВИДЕО

Қубаничбек Баянов.

Қубаничбек Баянов, вакили маҳаллӣ аз ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки бо захмҳои амиқ аз тири силоҳи оташфишон дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бистарӣ буд, рӯзи шанбеи 17-уми ноябр даргузаштааст.

"Баянов соати тахмина 6-и субҳи шанбеи 17-уми ноябр дар бахши эҳёи беморхона ба ҳуш наомада, ҷон дод ва ҷасадашро ҳамон рӯз пайвандонаш бурда, да маҳали зисташ ба хок супурданд",-гуфт Ҷамшед Мирбегиев, муовини сардухтури ин бемористон.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вакили маҷрӯҳи қирғиз дар бемористони Тоҷикистон даргузашт.

Ба гуфтаи наздикони Баянов, ӯро шаби 5-уми ноябр дар назди дарвозаи хонааш афроди ношиносе аз пушт тир заданд ва бо захмҳои амиқ дар бемористони марказии ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд бистарӣ намуданд. Кубаничбек Баянов то дами маргаш дар бахши эҳёи беморхона зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нигаҳдорӣ мешуд.

  • Азбаски бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маҳалли зисти онҳо наздик аст, ӯро барои табобат ба вилояти Суғд оварданд.
Вазъи саломатиаш вазнин аст. Таҳти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад. Ҳар чӣ аз дастамон меояд, барои табобати ӯ мекунем

Ҳамлавар(он) кӣ буд(анд)?

Пизишкон қаблан вазъияти Қубаничбек Баянови 32-сола, вакили маҷлиси деҳаи Ҷанӣ Ҷери ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд, сангин арёзбӣ карда буданд.

Ба нақли хешовандон, Қубаничбек Баянов шаби 5-уми ноябр баъди бозгашт ба хона аз пушт шадидан маҷрӯҳ карда шуд. Ғайратбек Баянов, бародари ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз ҳамлаваронро пайдо накарданд.

“Шахсан дар маҳалли ҳодиса набудам. Аммо тавре ба ман гуфтанд, ӯ шом ба хона омада, ҳангоме мехост дарвозаи хонаро бубандад, аз пушт тир хӯрд. Торик буд ва шояд ҳамлагарон пинҳон шуда буданд. Аз ин бештар чизе намедонем", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Депутати маҷруҳи қирғиз дар Суғд бистарӣ шуд

"Бемористони тарафи Тоҷикистон наздиктар буд"

Ҳодисаи ҳамла ба вакили маҷлиси деҳа аз ҷониби раёсати умури дохилии ноҳияи Лайлак таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз натиҷаҳои ибтидоии тафтишот маълум нест. Мақомоти ноҳияи Лайлак гуфтанд, азбаски ҳолати вакил баъди ҳамла сангин буд ва наздиктарин бемористон дар 15-километрӣ ва дар ҳудуди Тоҷикистони ҳамсоя ҷойгир аст, ӯро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурданд.

Бемористони наздиктарини воқеъ дар ҳудуди Қирғизистон дар 93-километрии ноҳия ва дар шаҳри Исфанаи вилояти Бодканд ҷойгир аст.

Ғайратбек Баянов

Рӯзи 14-уми ноябр дар назди бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров падари 82-солаи Қубаничбек Баянов – Абдусалом Баянов ва дигар бародарону пайвандонаш қарор доштанд. Табибон ҳанӯз ба онҳо иҷозаи дидор бо Қубаничбекро надодаанд.

"Бо ёрии дастгоҳ нафас мегирад"

Пизишкони бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тир ба тахтапушти Қубаничбек Баянов расида, ба мавзеи шикам, қафаси сина, гурдаи рост, бахше аз ҷигар ва рӯдаҳо осеб расондааст.

Ҷамшед Мирбегиев, иҷрокунандаи вазифаи сарпизишки беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи гузашта гуфта буд, табибон ӯро ду бор ҷарроҳӣ карданд. Мирбегиев афзуд, "вазъи саломатиаш вазнин аст ва таҳти нафаси сунъӣ қарор дорад. Мо ҳар чӣ аз дастамон меояд, барои табобати ӯ мекунем. Мутахассис аз маркази вилоятро ҳам даъват кардем. Идомаи табобатро машварат намудем.”

Бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тафтишотии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва то ҳол ҳеҷ гумонбар дар робита бо ин ҳамла боздошт нашудааст. Ҳамчунон маълум нест, ки ин ҳамла ба фаъолияти касбии ӯ робита дорад, ё на.

Тиҷорат - яке аз ангезаҳои ҳамла?

Як дӯсти наздики Баянов ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ тиҷорат ҳам мекард ва соҳиби як нуқтаи сӯзишворӣ дар ноҳияи Лайлак буд. “Шояд ин ҳамла ба тиҷорату соҳибкории ӯ рабт дошта бошад”, - тахмин зад ин дӯсти Баянов.

Ба қавли наздикон, ӯ ҳеҷ гоҳ дар бораи вуҷуди душман ё мушкилӣ бо кадом нафаре суҳбат накарда буд.