Бозгашти пирӯзмандонаи Хушқадам Хусравов аз қаҳрамонии ҷаҳон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест - чор медал (як нишони тилло ва се биринҷӣ) ба даст оварданд, шаби 14-уми ноябр ба ватан баргаштанд. Паҳлавонони маъруфи тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо нафар бо гулдастаҳо ва нидоҳои "офарин, қаҳрамонҳо!" ва "ифтихори миллат" пешвоз гирифтанд.