“Исён мавзӯе нест, ки дар телевизиони давлатӣ пахш шавад”

Дар пасманзари хомӯшии комили мақомоти зиндонҳо дар баробари шӯриш дар маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд, Сайфулло Сафаров – муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон – гуфт, ки тарафдори шаффофияти ҳар як ниҳоди давлатӣ аст. Ӯ гуфт, “зеро ҷомеа ва мардум мехоҳанд донанд, ки дар онҷо чӣ гузашт”.

Хомӯшии мақомот бароям таҷҷубовар аст. Ҳатто агар ҳақиқат талх ҳам бошад, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии сарусадоҳо бояд онро эълон кунанд

“Баъди анҷоми таҳқиқот иттилоъ медиҳанд”

Ҳамзамон, ба қавли Сафаров, эҳтимол як сабаби хомӯшии мақомот ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” рабт гирифтани ҳодиса ва сабаби дигараш идомаи тафтишот аст. Ӯ рӯзи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Мақомот намехоҳанд бо эътирофи ДИИШ дар ташкили ин ошӯб ин созмонро бештар таблиғ кунанд. Мутмаинам, пас аз анҷоми таҳқиқот мақомот ҷузъиёти ҳодисаро ба мардум эълон мекунад”.

Сайфулло Сафаров

Рӯзи 13-уми ноябр як мақоми баландпоя дар ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш фош шавад, дар суҳбати телефонӣ гуфт, “ин ҳодиса мавзӯе нест, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ ба баррасии он рӯ оваранд”. Ӯ гуфт, “дар ин ҳолат бояд Вазорати адлияи Тоҷикистон суҳбат кунад”.

Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд, ки дар пайи он даҳҳо нафар кушта шуд, на мақомот ва на матбуоти расмӣ ҳодисаро шарҳ намедиҳанд. Ҳар хабаре, ки то ин лаҳза нашрияҳои мустақили интернетӣ нашр кардаанд, бар пояи сӯҳбат бо мақомоти ҷудогона ва бидуни ифшои номашон будааст.

Чаро намехоҳанд дар ин бора гап зананд?

Шаҳодати волидону наздикони бархе зиндониҳои кушташуда ваё зиндонбонҳои дар ин ҳодиса осебдида ҳам то андозае ҷузъиёти ҳодисаҳои шаби 7 ба 8-уми ноябрро рӯшан мекунад. Вале набуди шарҳи расмии мақомоти дахлдор ба яке аз ҳодисаҳои пурқурбонӣ дар маҳсабҳои Тоҷикистон дар солҳои охир ҷойро ба овоза ва ҳам фарзияҳои бе асос холӣ мекунад.

Зиндони рақами севум дар шаҳри Хуҷанд

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” тавассути пойгоҳи хабариаш “Аъмоқ” бар дӯш гирифт ва гуфт, ошӯбро “яке аз ҷангҷӯёни ин гурӯҳ шурӯъ кард”.

Дар робита ба ин ҳодиса ягон мақомоти ҳукуматӣ намехоҳад бо ному насабаш суҳбат кунад. Як мансабдори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон, ки мо бо ӯ масъалаи хомӯшиии мақомотро матраҳ кардем, гуфт, дар пеш ҳодисаи бисёр муҳим - оғози кори чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун аст ва “эълони ин ҳодисаи нохуш ба оғози кори ин таҳаввулоти таърихӣ соя меафканад”.

Вале чунин ҳолат боис ба зиёд шудани овозаву гумонҳо ва ҳам пахши хабарҳои на ҳамеша саҳеҳ дар матбуот мешавад. Дар чунин шароит пеш аз ҳама журналистон ва кормандони матбуот ҳастанд, ки дар пахши хабарҳои охир ва санҷидашуда оҷиз мешаванд.

“Сукути мақомот тааҷҷубовар аст”

Неъматуллоҳи Мирсаид

Неъматуллоҳи Мирсаид, хабарнигори тоҷик, яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, тӯли як ҳафтаи охир мехоҳад дар бораи ин исён гузорише таҳия кунад, вале наметавонад иттилои зарурӣ дастрас кунад.

Ӯ 13-уми ноябр, як ҳафта баъд аз вуқӯи ҳодиса, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “интизори хабарҳои расмӣ ҳастам, то сипас матлабе омода созам. Ҳарчанд аз манобеи ғайрирасмӣ иттилои зиёде дар ихтиёр дорам. Хомӯшии мақомот бароям таҷҷубовар аст. Бигзор ҳатто агар ҳақиқат талх ҳам бошад, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии сарусадоҳо бояд онро эълон кунанд.”

Вале ба бовари соҳибназарон, ҳодисае, ки дар пайи он дастикам даҳҳо нафар ҷон бохтаанд, бояд зуд расонаӣ шавад. Зеро, ифшои ҷузъиёт ва омилҳои ин ҳодиса барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо метавонад хидмат бикунад.

Чанд “агар”

Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ҳеҷ яке аз мақоми тоҷик намехоҳад масъулияти ифшои ҷузъиёти онро бар дӯш бигирад. Ба бовари ӯ, ҳукумати Тоҷикистон то ҳол мушаххасоти ин ҳодисаро дақиқ накардааст ва ба ин далел намехоҳад ба сокинон дар ин бора ҳарф занад.

“Агар сабабҳои ин исён ба бадрафтории зиндонбонҳо рабт дошта бошад, пас, ин амр камбуди мақомот аст ва ҳукумат ба ифшои ин ҳодиса алоқаманд нест. Агар ин шӯриш кори дасти гуруҳи “Давлати исломӣ” аст, пас, ҳукумат бояд эътироф кунад, ки талошҳояш дар мубориза бо ин созмон дар Тоҷикистон чандон муассир набудааст. Яъне, ин созмон дар Тоҷикистон баъд аз қатли дучархасаворон дар ноҳияи Данғара тавонистааст дар яке аз маҳбасҳо исён ташкил кунад”, - афзуд ӯ.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хабарҳоро дар бораи истифодаи воҳидҳои вижаи вазоратҳои дигар дар саркӯб кардани ошӯб рад намуд. Ӯ гуфт, маҳбасҳо барои истифода дар чунин ҳолатҳо нирӯҳои вижаи худро доранд.