Ширкати се варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон

Дар ин мусобиқа Шоира Зулқайнарова (аз рост) низ иштирок мекунад.

Се варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки рӯзҳои 15-24-уми ноябр дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ – баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар Маҷмааи варзишии ба номи Индира Гандии Деҳлӣ доир мегардад, иштироки ҳудуди 300 варзишгари беш аз 60 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Онҳо барои 10 маҷмуи медалҳо даз рӯи даҳ дараҷаи вазнҳо (-48, -51, -54, -57, -60, -64, -69, -75, -81 ва +81кг) мубориза мебаранд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Деҳлӣ, инчунин се муштзани тоҷик - – Миҷгона Самадова дар вазни зери 57 кило, Шоира Зулқайнарова дар вазни зери 64 кило ва Гулмира Исроилова дар вазни зери 81 кило – бо раҳбарии мураббиён Ҷамшед Султонов ва Носирҷон Азимов иштирок мекунанд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс таҳти сарпарастии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) шуруъ аз соли 2001 барои бори даҳум баргузор мешавад. Беҳтарин натиҷаи варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ медали биринҷии муштзани маъруф Мавзуна Чориева мебошад, ки моҳи майи соли 2012 дар Чин ба даст овардааст. Инчунин ӯ тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Зимнан, дар конгресси Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA), ки рӯзҳои 2-3-юми ноябри имсол дар шаҳри Маскави Русия барпо гардид, тасмим гирифта шуд дар Бозиҳои олимпӣ миёни занон теъдоди дараҷаи вазнҳо аз се ба панҷ мерасад, вале дар мусобиқаи олимпӣ миёни мардон аз даҳ ба ҳашт коҳиш дода мешавад.

Чунонки раҳбари комиссиюни техникии AIBA Пэт Фиако хабар додааст, аллакай дар Токио, дар Бозиҳои олимпии соли 2020 мардон аз рӯи ҳашт вазн - то 52, 57, 63, 69, 75, 81, 91 ва беш аз 91 килограмм - рақобат мекунанд. Занон бошанд, дар панҷ вазн - то 51, 57, 60, 69 ва 75 килограмм – қувваозмоӣ менамоянд.

Инчунин шартҳои иштироки муштзанҳои ҳирфаӣ, ки хоҳиши дар Бозиҳои олимпӣ ширкат карданро доранд, муайян гаштааст. Барои онҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст, яъне онҳо дар карйераи худ дар сабқати бокси ҳирфаӣ на бештар аз 15 муҳориба дошта бошанд.