Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми мусобиқаи қаҳрамонииҷаҳон оид ба самбо, ки 11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, медали тилло ба даст овард. Муҳаммадшариф Сулаймонов, мураббии Хушқадам Хусравов дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар бораи муваффақияти шогирдаш ҳикоят кард.