Мақомот ба пайравони "Салафия": "Пушаймон шудед, баргардед, афв мешавед"

Мақомоти тоҷик аз волидони афроде, ки бо ҷурми пайвастан ба равияи мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" айбдор шуда, айни замон дар кишварҳои хориҷа панаҳ мебаранд, даъват мекунанд то фарзандони хешро ба Ватан баргардонанд.

Ба гуфтаи мақомот, дар сурати сидқан пушаймон шудан аз кирдори худ, пайвандони онҳо тибқи банди вижа ва эзоҳи махсуси Кодекси ҷиноӣ, мавриди афв қарор гирифта, парвандаашон қатъ мешавад.

"Ба салафӣ шудани фарзандонам бовар надорам"

Абдумалик Усмонов, сокини ноҳияи Ашт яке аз чунин афрод аст, ки ҳафтаи қабл ба сӯҳбати мақомоти қудратӣ даъват шуд. Ду сол қабл як фарзанди ӯ бо ҷурми гаравидан ба равияи "Салафия" ба чор соли зиндон маҳкум шуд ва фарзанди дуввумаш низ, ки айни ҳол дар Русия ба сар мебарад, ба салафигарӣ гумонбар дониста мешавад. Ҳоло мақомот аз ӯ, даъват доранд, ки фарзанди дуввумашро ба Ватан баргардонад ва дар сурати пушаймон шудан, ӯро афв хоҳанд кард.

Бархе аз ҷавонони тоҷик, ки айни ҳол дар хориҷ аз кишвар ҳастанд ва ба пайравӣ аз ҷараёни "Салафия" айбдор мешаванд, мегӯянд, агар ба Тоҷикистон баргашта мавриди афв ҳам қарор гиранд, дар он ҷо зиндагӣ карда наметавонанд.

"Мақомоти маҳаллӣ, милисаҳо гуфта истодаанд, ки биёяд, дар сурати изҳори пушаймонӣ кардан, афв мешавад. Аммо ӯ ягона ноновари хонаводаи мо аст, ману кампирам нафақахӯрем. Боз се фарзанди писари зиндониямонро нигоҳубин мекунем. Агар ояду ӯро ҳам боздошт кунанд, баъд чӣ мешавад? Ману ҳамсари нафақахӯрам бо 10 набера танҳо мемонем",-мегӯяд Усмонов.

Усмонови 65-сола то бознишаста шудан муаллими забони русӣ буд ва дар мактаби маҳалли зисташ дарс мегуфт ва садҳо шогирдонро ба воя расонидааст. Фарзандонаш низ мисли ҳазорон нафар аз роҳи муҳоҷирати корӣ ба Русия ризқи худу фарзандонашонро пайдо мекарданд. Мегӯяд, то ба ҳол ба салафӣ шудани фарзандонаш бовар надорад.

"Фарзандони ман саводи динӣ надоранд. Мақомот гуфтанд, ки гӯё риш монда, шими кутоҳ пӯшидааст. Лекн ман падар шуда, ягон бор ӯро бо шими кутоҳ надидаам. Ҳамин хел шуд, ки дар авҷи маъракаи боздошти салафиҳо ба даст афтоду зиндонӣ шуд".

Муаллим Усмонов айни ҳол, дар мавриди бозгашти писараш дудила аст ва аз сӯи дигар намехоҳад ягона ноновари хонааш низ бекор монад.

"Ҳоло фурсат аст, баъдан дер мешавад"

Вале мақомоти умури дохила мегӯянд, даъвати онҳо ҷиддист ва сокинон бо истифода аз ин фурсат метавонанд, худро ҷавобгарӣ озод карда бо хотири ҷамъ зиндагӣ кунанд. Як масъули раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар тасдиқи гуфт, аз аввали сол даҳҳо нафар ба даъвати онҳо ба Ватан бозгардонида шуда пас аз изҳори пушаймонӣ афв шуданд ва айни ҳол ба зиндагии осоиштаи худ идома медиҳанд.

Масҷиди марказӣ дар Ашт.

"Танҳо аз ноҳияи Ашт 8 нафар, ки ба пайравӣ аз равияи "Салафия" муттаҳам мешуданд, бозгардонида шуда, мавриди афв қарор гирифтанд. Касе фаҳмаду аз ин фурсат истифода кунад, хуб, вагарна дер ё зуд дар назди қонун ҷавоб мегӯяд"-, гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Аммо бархе аз ҷавонони тоҷик, ки айни ҳол дар хориҷ аз кишвар ҳастанд ва ба пайравӣ аз ҷараёни "Салафия" айбдор мешаванд, мегӯянд, агар ба Тоҷикистон баргашта мавриди афв ҳам қарор гиранд, дар он ҷо зиндагӣ карда наметавонанд.

"Дилам ба ёди Ватан гум мезанад, аммо афсӯс..."

Cорбон Юсупов як сокини ноҳияи Исфара ду сол боз дар Украина ба сар мебарад ва мақомот волидони ӯро барои бозгардони писараш ташвиқ мекунанд. Қабл аз сафар ба Украина махсус аз Русия баргашт ва орзу дошт ба кори нерӯҳои вежаи “Алфа” пазируфта шавад. Аммо пас аз чанде мақомоти милиса ба риши ӯ эрод гирифта таҳдид кардаанд, ки "қоқтарош" мекунанд.

“Соли гузашта ман бозгашта рафтанӣ будам. Аммо ёру дӯстон гуфтанд, ки беҳтараш наоям. Ман узви ягон гурӯҳ, на оппозитсионӣ, на ифротӣ нестам. Аммо дар Тоҷикистон андак риш монӣ, милисаҳо туро салафӣ ва ё террорист мебароранд. Аз ин рӯ, гуфтам беҳтар аст дар ҳамин хориҷа монам, кор кунаму ба падару модарам ёрдам кунам. Чӣ хел кунам дигар? Мо Ватан дорем, дилам ба ёди диёр гум мезанад, аммо афсӯс, ки моро беватан карданд".

Юсупов мегӯяд, агар ба Ватан баргашта афв ҳам шавад, бовар дорад зиндагиро пеш бурда наметавонад. "Зеро тафтишу назорати шадиди мақомоти қудратӣ зиндагиро дар Тоҷикистон тоқатфарсо кардааст",- мегӯяд ӯ.

Афв ва даъват ба бозгашт як иқдоми гуманистии Ҳукумат аст!

Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон сиёсати бозгардонидани он шаҳрвандонеро пеш гирифтааст, ки надониста ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гаравиданд ва акнун аз ин кирдорашон пушаймон ҳастанд.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик.

Ӯ гуфт: "На ҳар ҳукумат гуноҳи шаҳрвандонашро мебахшад. Ин иқдоми Тоҷикистон баёнгари он аст, ҳукумат ҷонибдори арзишҳои баланди гуманистӣ ва ё, башардӯстона аст. Чунки агар ин нафароне, ки ҳоло дар хориҷа пинҳон шудаанд, дар Ватан бошанду дар доираи қонун кору зиндагии худро пеш баранд, ҳам барои давлат ва ҳам барои ҷомеа хуб аст".

Ин сиёсатшиноси тоҷик гуфт, ифротӣ шудани як аъзои оила ба аҳли хонавода ва дар натиҷа ба ҷомеи таъсири амиқи манфии равонӣ ва иҷтимоӣ мерасонад. Бинобар ин, бозгардонидани онҳо барои "солим нигоҳ доштани муҳити ҷомеаи хеле муҳим аст", иброз дошт Ризоён.

Давлати Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроде, ки дар узвият ба созмонҳои ифротию террористӣ гумонбаранд, дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан, афв мешавад.

Мақомоти умури дохила то ҳол даҳҳо гузорише нашр кард, ки ҷангҷӯёни пушаймоншудаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва ё аъзои ҳизби ҳамчунон манъшудаи наҳзати исломиро афв кардааст.

Ҷараёни тозапайдои “Салафия”, ки фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, охири соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шуд. Бино ба иттилои мақомот, дар соли 2017 додгоҳҳо даҳҳо парвандаи муттаҳамон ба терроризму эктремизмро баррасӣ кардаанд.