Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба таҳияи феҳристи сокинони маҳаллаи мавсум ба "Варзоб ГЭС" шурӯъ карданд, ки баъди тахриби манзилҳояшон қарор аст бо ҷубронпулӣ таъмин шаванд. Мақомот гуфтаанд, ки дар ҷои истиқомати 31 хонавода ва ду фурӯшгоҳ, ки дар канораҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошанд, қарор аст як маркази нави сайёҳӣ бунёд шавад. Охири ҳафтаи гузашта даҳҳо сокини ин маҳалла ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки онҳоро аз хонаҳояшон берун мекунанд ва бар ивази ин, ба онҳо манзил ва ҷубронпулӣ доданӣ нестанд.