Рӯзи шанбе ҳазорон нафар дар маросими видоъ ва дафни Мавлоно Самиул Ҳақ дар Навшаҳри Покистон иштирок карданд.
Аз Самиул Ҳақ ба унвони “падари Толибон” ном бурда мешавад. Ин рӯҳонии 81-сола рӯзи 2-юми ноябр дар хонааш дар шаҳри Равалпиндии Покистон бо зарби корд ба қатл расонда шудааст.
Маросими дафни вай таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд. Дар ин маросим раиси вилоят ва дигар мақомоти Хайбар Пахтунхваи Покистон ва раҳбарони сиёсиву мазҳабии ин кишвар ҳузур доштанд. Самиул Ҳақ барои чандин даҳа мадрасаи исломии “Дорулулуми Ҳаққония”-ро идора мекард, ки бисёре аз раҳбарон ва чеҳраҳои калидии ҷунбиши Толибон дар онҷо таҳсил кардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шабакаҳои телевизионии минтақаӣ изҳороти Ҳамидул Ҳақ, писари ин руҳониро бозтоб доданд, ки мегӯяд, падарашро ҳамлаварони ношинос бо зарби корд ба қатл расондаанд.
Ӯ гуфт, "падарам қасд дошт барои иштирок дар эътирозҳо ба Исломобод биравад, аммо роҳҳо баста буд ва ӯ ба хона бозгашт ва ба утоқи хобаш рафт. Пас аз соате ӯро ғарқи хун пайдо карданд”.
Пулиси Покистон мегӯяд, ангезаи ин қатл ҳанӯз рӯшан нест ва ҳеҷ гуруҳ низ масъулияти онро бар уҳда нагирифтааст. Ин ҳодиса хашми ҳаводорони Самиул Ҳақро барангехт, то ҷое ки онҳо дар шаҳрҳои Исломободу Равалпиндӣ даст ба шӯриш зада ва мағозаву мошинҳоро вайрон карданд. Аммо хонаводаи Самиул Ҳақ аз тарафдорони ӯ хостаанд, ки оромиши шаҳрро бар ҳам назананд.
Самиул Ҳақ ба воситаи нуфузи худ дар миёни раҳбарони Толибон ба унвони “падари” ин гуруҳ шинота шудааст. Ӯ барои ду давра узви Сенати Покистон ҳам буд.
Расонаҳои Покистон мегӯянд, ӯ дар интихоботи ахир муттаҳиди Ҳизби “Таҳрики Инсоф” буд, ки ба пирӯзӣ расид. Ҳизби нахуствазир Имрон Хон мехост, дар пешбурди ислоҳоти мухталиф, аз ҷумла маорифу мадраса аз нуфузи Мавлоно Самиул Ҳақ истифода кунад.