Ёқуби Саид, хабарнигор
- "Телефон состояниш 100 фоизай пачкаай ягон царапина надора. Документош хаст. Ламинатш тока трешина дора 5 сумда алишш мекни абача) Кадоме харидор боша, занг занен".
Ин матни тоҷикӣ-русии булаҷаб эълони навиштаи як корбаре аз сомонаҳои таблиғотии Тоҷикистон аст. Аз бист эълони бо забони тоҷикӣ навишташуда, тақрибан 19-тоаш чунин забону баён доранд.
- "Тачилан фуруши илтимос бехуда занг назанен елеганс лаки мошин сухтаги алиш факат кати зайчик Е 210".
Ин ҳам яке аз дигар эълонҳои булаҷаб. Ба ин эълонҳо менигараму шубҳаам дар бораи саводнокии 99,8 дар сади аҳолии Тоҷикистон меафзояд, ки кам намешавад.
Мақомоти Оҷонсии омори Тоҷикистон бори охир дар як нишасти хабарӣ дар тобистони соли 2016 эълон карда буданд, ки 99,8 дарсади аҳолӣ соҳиби савод аст. Яъне, хондану навиштан метавонанд. Он 0,2 дарсад ҳам маъюбонанд, ки имкони ба мактаб рафтанро надоранд ва ё надоштаанд.
Аммо вале лекин... Як муруре ба сомонаҳои таблиғотӣ ва эълонҳои шабакаҳои иҷтимоӣ кофӣ аст, ки ба ин омори пешниҳодии мақомоти Тоҷикистон бо шубҳа бингарем. Дар сомонаҳои таблиғотӣ ҳар корбар ё соҳиби молу ашё матни эълонро мустақилона менависад. Матни эълонҳо таҳрир намехӯранд ва биноан “ҳунар”-и саводнокии эълоннависро ба намоиш мегузоранд.
Дар намунаҳои зер, ки интихобан аз сомонаҳои таблиғотӣ гирифта шудаанд, корбарон тарзи дурусти навишти калимаҳои тоҷикӣ ва мафҳум ё номи баъзе ашёро ба забони тоҷикӣ намедонанд, чи расад ба ҷумласозӣ.
Ман чанде аз ҳамсолону ҷавонони аз худам хурдтарро медонам, ки дар рӯи коғаз бо "ручка" ё худкор навишта наметавонанд, аммо дар телефон, паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ фикрашонро баён мекунанд.
Як ҷавон нақл кард, ки ҳангоми гирифтани шиносномаи Русия дар саҳифаи он имзо гузоштааст. Баъди чанде он ҷавон дар идораи дигар корафтода шуд, ки мебоист поёни кадом ҳуҷҷате имзо гузорад. Ҷавони тоҷик нақл мекунад, аз вай талаб карданд, айни ҳамон имзоеро гузорад, ки дар шиносномааш аст. Тахмин кардед, ки чи шуд?! Оре, ҷавони 25-солаи тоҷик натавонист, имзояшро такроран нависад! Ин ҳодисаи воқеӣ аст.
Пас, меъёрӣ саводнокӣ дар Тоҷикистон кадом аст?
Онҳое, ки дар коғаз бо худкор навишта наметавонанд, оё мешавад онҳоро саводнок гуфт?
Онҳое, ки забони адабиро ҳатто ба таври шифоҳӣ намедонанд, оё саводнок ҳастанд? Ин тоифа агар аз ҷумлаи он 99,8% ҳастанд, пас дар кадом мактаб дарс хонданд, ки савод набаровардаанд?
Ё шояд дурустараш ҳамаи онҳо аз ҷумлаи он 0,2 дар сади бесаводи "маъюб" ҳастанд, ки шумори воқеияшон бештар аз 0,2 дар сади Оҷонсии омор аст? Он 0,2 дарсад аз пушту пешаш чанд рақами дигар дорад.
PS: Идея барои тиҷорат: Мешавад як маркази эълоннависии онлайнӣ ташкил кард. Ба ин тартиб, ҳам барои покии забону баён хидмате анҷом мешавад ва ҳам 3-4 тан аз ҷумлаи саводдорони воқеӣ – соҳиби кор.