Барканории муовини нахуствазир барои муҷозоти 6 тан дар "ҷӯйбори оби сард"

Зоир Мирзоев, муовини сарвазири Узбекистон дар умури кишоварзӣ ва обёрӣ баъди ҳодисаи муҷозоти масъулон дар ноҳияи Оққурғони вилояти Тошканд, аз мақомаш барканор шуд.

Тайи рӯзҳои гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси шаш марде нашр шуд, ки дохили ҷӯйбори оби сард рост истодаанд. Баъдтар маълум гардид, онҳоро барои об надодани заминҳои кишоварзӣ дар ҳузури ноиби сарвазири Узбекистон Зоир Мирзоев ба ин шева муҷозот кардаанд.​

Ба гуфтаи манобеъ, се тан аз шаш марди дохили ҷуйбор мансабдорони ҳукумати Оққурғон, як тан оқсақоли маҳаллӣ ва ду нафари дигар кишоварз ҳастанд.

Як мақомдори узбек, ки дар машварати видеоӣ бо нахуствазир Абдулло Орифов ширкат дошт, рӯзи 29-уми октябр ба бахшии узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки муовини сарвазир Зоир Абдуллоев ба амале, ки мухолифи сиёсати президент аст, даст зад ва бинобар ҳамин аз мақомаш барканор шуд.

"Шахсан барои ман ин бисёр номуносиб ва шармовар аст. Ба хотири он, ки муовини ман муртакиби амале шуд, ки бар хилофи сиёсатҳои президенти мо мебошад. Ин ҳодиса рӯзи 25-уми октябр Оққурғон сурат гирифт ва президент Зоир Мирзоевро рӯзи 27-уми октябр аз мақомаш озод кард. Гап сари ин аст, ки бар пояи Қонуни асосӣ, дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе фармону дастурот имзо намешаванд. Бинобар ҳамин, мо ин дастурро танҳо имрӯз эълом кардем",-гуфтааст нахуствазири Узбекистон Абдулло Орифов рӯзи 29-уми октябр зимни ин машварати видеоӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамон тавр, ки ширкатдорони машварат фаҳмиданд, сарфи назар аз ҳама хизматҳои қаблии Зоир Мирзоев, раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев наметавонад ӯро барои ҳодисаи Оққурғон бибахшад.

Зоир Мирзоев.

"Абдулло Орифов гуфт, ки президент тасмими худ дар бораи ноиби нахуствазир Зоир Мирзоевро гирифт ва гуфт, ки "қонун барои ҳама як аст, муҷозот ҳатмӣ аст",-афзуд ин мақомдор ба бахши узбекии Радиои Озодӣ, ки дар ин машварати видеоии Абдулло Орифов ширкат доштааст.

Манобеъ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 29-уми октябр ҳамчунин муовини додситони вилояти Тошканд ва масъулони дигари ин вилоят низ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Чаро муовини нахуствазир даст ба ин кор зад?

Ҳамон тавр, ки як манбаъ дар вилояти Тошканд ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Тошканд, муовини нахуствазир Зоир Мирзоев аз фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва кишоварзон норозигӣ кардааст.

Як сокини ноҳияи Пскент ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 25-уми октябр бо иштироки муовини нахуствазир Зоир Мирзоев дар ноҳияи Пскент ҷаласа баргузор шуд, ки дар ҷараёни он шуморе аз кишоварзонро барои иҷро накардани нақша, таҳқир ва тавҳин кард. Ҷаласа соати 19:30 дақиқа оғоз шуд ва соати 2:30 дақиқаи шаб поён ёфт. Ҳеҷ яке аз ширкатдоронро иҷозаи баромадан аз толор надоданд. Дар назди сардори идораи пулис истода буд".

"Мирзоев қаблан ҳам даст ба чунин корҳо зада буд"

Пас аз он, ки ҳодисаи Оққурғон сару садоҳои зиёдро ба миён овард, ба унвони бахши узбекии Радиои Озодӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи узбекистониҳо номаҳо расид, ки дар он аз чунин иқдомҳои Зоир Мирзоев, ҳикоят мекард.

Ҷаласа бо ширкати Зоир Мирзоев.

Аз ҷумла яке аз корбарон дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, "вақте ӯ ҳокими (раиси вилоят) Самарқанд буд, ба амалҳои аз ин ҳам даҳшатноктар даст мезад. Боре дар моҳи декабр ӯ як мардро барои як соат дар оби сард нигоҳ дошт. Гуноҳи он мард ин буд, ки ӯ сари вақт сохтмони як бӯстонсароро ба итмом нарасонида буд."

Додситонӣ тафтиш мекунад

Ҳамон тавр, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Узбекистон хабар дод, дар пайи ин ҳодиса, рӯзи 29-уми октябр Шавкат Мирзиёев фармонеро ба имзо расонд, ки тибқи он мансабдорони давлатӣ набояд аз ҳадди салоҳиятҳои худ берун раванд ва сокинонро ба кори маҷбурӣ водор кунанд.

Рӯзи 29-уми октябр хабарнигори "Озодлик" тавонист бо наздикони ду тан аз мардоне, ки дар ҳодисаи Оққурғон аз сӯи муовини нахуствазир тавҳин шуданд, сӯҳбат кунад. Ба гуфтаи онҳо, дар нимаи дувуми рӯзи 29-уми октябр ҳамаи ин шаш нафар ба Додситонии куллии Узбекистон барои бозпурсӣ даъват шуданд. "Барои мо дақиқ маълум нест, ки чаро ба додситонӣ даъват шуданд. Аммо медонем, ки бо онҳо бисёр муаддабона сӯҳбат кардаанд",-гуфт яке аз наздикони ин шаш мард аз Оққурғон.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29-уми октябр Додситонии Узбекистон ба ҳодисаи Оққурғон дар вилояти Тошканд вокуниш нишон дод ва гуфт, ки ҳамаи гунаҳкорон дар ин ҳодиса ба панҷаи қонун супурда хоҳанд шуд.

Ҷазо барои об надодани гандум

Ба иттилои як манбаъ, се тан аз шаш марди дохили ҷуйбор мансабдорони ҳукумати Оққурғон, як тан оқсақоли маҳаллӣ ва ду нафари дигар кишоварз ҳастанд. Манобеъ мегӯянд, ин акс 25 октябр дар рӯзи сафари ноиб-сарвазири Узбекистон ба ноҳияи мазкур бардошта шудааст.

Яке аз шоҳидон нақл кард, ки ҳамаи шаш мард ба хотири об надодани заминҳои гандум ба ин тартиб ҷазо гирифтаанд. Ба гуфтаи ин шоҳид, ҷазо дар мазҳари ом сурат гирифтааст. Шоҳиди ҳодиса мегӯяд, шаш мард дохили ҷуйбори оби сард 40-45 дақиқа рост истода, баъдан бо либоси тар дар кӯчаҳо қадам задаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Узбекистон хабар дод, ки мансабдорон барои роҳ додани ин ҳодиса тибқи қонун ҷазо дода мешаванд.