Тоҷикистон ҳар нафареро, ки дар як моҳ 190 сомонӣ харҷ мекунад, камбизиоат эътироф мекунад. Бо такя ба ин ҳисоб дар ҷумҳурӣ 29 дар сади аҳолӣ ва ё 2 миллиону 610 ҳазор нафар камбизоат ҳастанд.
- Марзи камбизоатӣ ва миёнҳолӣ дар соли 2015 - 168 сомонӣ ҳисоб шуда буд. Бо ин ҳисоб мизони камбизоатӣ дар соли 2015 дар кишвар 31 дар сад буд ва тайи се соли охир шумори афроди нодор дар Тоҷикистон 2 дар сад кам шудааст.
Марзи камбизоатӣ ба шинохти Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ
Аммо ба ҷуз аз марзи камбизоатие, ки Тоҷикистон муайян кардааст (190 сомонӣ барои як нафар дар як моҳ) Бонки Ҷаҳонӣ меъёри дигареро истифода мебарад. Бинобар меъёри ин бонк, ҳар нафаре ки дар як рӯз камтар аз 3,2 доллари амрикоӣ ( 30 сомониву 14 дирам) харҷ мекунад, камбизоат эътироф мешавад.
Вилям Зайтс, иқтисоддони Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд мизони камбизатӣ аз рӯи ин меъёр бинобар ҳолати соли 2015-ум 20 дар садро ташкил мекунад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, дар солҳои охир мизони интиқоли пули муҳоҷирон ба таври чашмрас коҳиш ёфта, фақр дар кишвар ҳамчунон мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Айни замон, мақомоти оҷонсии омор мегӯянд, ки нишондоди 20 дар сади фақру бебизоатӣ "мавсимӣ" мебошад.
Cӯҳбатҳои сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо сокинон нишон дод, ки ҳанӯз фақр дар Тоҷикистон мушкили умдаи ҷомеа дониста мешавад.
Ин иқтисоддон дар охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе гуфт, "ҳукумати Тоҷикистон мизони ҷубронпулӣ ва сатҳи маоши кормандонро боло бурд ва ин амр то ҷое коҳиши маблағи муҳоҷирони кориро ҷуброн кард".
Ба гуфаи ӯ, тибқи ҳисоби онҳо, феълан сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон баробари 20 дар сади аҳолӣ мебошад ва онҳо меъёри камбизоатӣ барои сокинонро 3,3 доллар дар як рӯз барои як нафар муайян карданд. "Ҳамзамон мо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки аз рӯйи чунин меъёр камбизоатҳо дар кишварро ҳисоб кунанд, зеро вазъи феълии иқтисодии сокинони Тоҷикистон ба чунин меъёр мутобиқ мебошад", - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Сатҳи фақр болотар аз он аст, ки БҶ мегӯяд"
Аммо Қиёмиддин Давлатзода, муовини мудири Кумитаи омори Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миқдори сокинони фақири кишварро тибқи нишондоди 1,9 доллар барои як нафар дар як рӯз анҷом медиҳанд.
Вай афзуд, "Бонки Ҷаҳонӣ чунин талаб дорад, вале мо дар кори худ аз тасмими мақомоти Тоҷикистон амал мекунем. Тибқи баровардаҳои мо, феълан сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон баробари 27 дар сади аҳолӣ мебошад".
Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки дар солҳои баъд аз касби истиқлол онҳо тавонистаанд сатҳи камбизоатиро дар кишвар аз ҳудуди 70 то ба 30 дарсад коҳиш диҳанд. Аммо соҳибназарон мегӯянд, дар расидагӣ ба ин нишондод саҳми кумакҳои байналмилалӣ ва пули интиқолдодаи муҳоҷирон аз Русия бештар аст.
Бонки Ҷаҳонӣ низ иддао дорад, ки барои комёбӣ дар ин масъала ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст ҷойҳои кории бештар таъсис диҳад, то сокинон тавонанд маоши муносиб дошта бошанд. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки дар ду соли охир ҳудуди 200 ҳазор соҳибкори тоҷик кори худро канор гузоштаанд.
Чаро мақомот сатҳи камбизоатиро зиёд нишон медиҳанд?
Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, эҳтимоле вуҷуд дорад, ки мақомоти тоҷик ба хотири пайдо кардани кумакҳои бештари созмонҳои байналмилалӣ ба баланд нишон додани сатҳи камбизоатӣ манфиатдор бошанд. Зеро, дар ин сурат, ба гуфтаи ӯ, ба Тоҷикистон миқдори қобили таваҷҷӯҳи кумакҳои бебозгашт ворид хоҳанд шуд.
Бо ин вуҷуд, вай афзуд, "бештар моил ҳастам, ки ба омори ҳукумати Тоҷикистон эътимод кунам. Зеро, ҳар як ҳукумат манфиатдор аст, дастоварди худро дар мубориза бо камбизоаӣ ба ҷомеа нишон диҳад. Хеле мехостам, ки дар раванди пажӯҳиши камбизоатии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ширкат дошта бошам, то бубинам, ки онҳо чунин оморро чӣ гуна ба даст овардаанд".
Албатта, Бонки Ҷаҳонӣ барои тасдиқи дурустии натиҷаҳои паӯҳиши худ далелҳоеро пешниҳод кард. Аммо сӯҳбатҳои сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо сокинон нишон дод, ки ҳанӯз фақр дар Тоҷикистон мушкили умдаи ҷомеа дониста мешавад.
Зеро, сокинон ба ин савол, ки оё имкон дорад як нафар дар як рӯз ба 3,3 доллари амрикоӣ ё ҳудуди 30 сомонӣ зиндагӣ кунад, гуфтанд, ки ин маблағ танҳо барои харидории ғизо мерасаду бас.
Аммо барои харидани либосу ашёи дигари зарурӣ барои зиндагӣ ҳатто ин миқдор маблағ кофӣ нест. Пурсишҳои мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт ва гуфтаи ҳамсӯҳбатон, вазъ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон боз ҳам нигаронкунанда мебошад.