Як қарори додгоҳ дар Тоҷикистон ба баҳси тӯлонии ду модар нуқта гузошт, аммо сарнавишти як кӯдаки 9-соларо норӯшан ва ӯро дар ин байн ҳайрону гирён монд.
Умедаро бо қарори додгоҳ бояд ин шабу рӯз аз оғӯши модаре, ки ӯро ба воя расонд, ҷудо кунанд ва ба тарбияи модари биологиаш супоранд. Аммо ин духтарак, мехоҳад бо модаре бимонад, ки аз 30-рӯзагӣ ҳамроҳаш аст. Ӯ дар ҳоле, ки боалам гиря мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳарфи дили ӯ ва илтиҷояш дар додгоҳ гӯш надоданд. Сини Умеда ба ин иҷоза намедодааст.
Шабистон - модархонди Умеда мегӯяд, дар мурофиаи додгоҳӣ равоншинос ҷалб нашудааст ва касе дилбастагии кӯдаку хости ӯро напурсид.
Тибқи қонун танҳо баъд аз 10- солагӣ кас метавонад ҳаққи интихоби зиндагӣ бо ин ё он падару модарро дошта бошад. "Ман гуфтам, ки намехоҳам бо шумо равам, дар суд ҳам гуфтам, гапамро гӯш намекунанд. Маро маҷбурӣ гирифта бурдан мехоҳанд. Охир ман намехоҳам баранд, боз гурехта пеши очам меоям",-мегӯяд Умеда Мақсудова.
Қиссаи зиндагии Умедаи 9-сола филми пурмоҷароро мемонад. Ӯро дар 30-рӯзагӣ волидонаш бидуни ягон санаду мадрак ба амаки бефарзандаш ва ҳамсари ӯ доданд. Дар дувунимсолагии Умеда, падару модаре, ки ӯро фарзандхон карданд, аз ҳам ҷудо шуданд ва Умедаро модараш ҳамроҳ бо худ ба хонаи дигар бурд.
Баҳси додгоҳии ду падару модар барои ин духтарча соле пеш шурӯъ шуд -- замоне, ки Умеда аллакай 8-сола буд ва танҳо ҳамсари амакашро модари аслии худ мехонд. Тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ ба манфиати падару модари бологии Умеда анҷом ёфт ва тибқи қонун, ӯ бояд аз канори модаре, ки 9 сол бо ӯ буд, ҷудо шавад. Коре, ки барои ин тифл феълан сахту дардовар аст.
Шабистон Кабудова -- модархондаи Умеда мегӯяд, дар 13 соли ҳамзистӣ бо шавҳараш дар хонаи хусуру хушдоман соҳиби фарзанд нашуд ва бо маслиҳати наздикони шавҳар як тифли бародари ӯро, ки аз духтар таваллуд шуданаш розӣ набуданд, ба онҳо доданд.
"Бародари шавҳарам, аллакай духтар дошт ва вақте Умеда таваллуд шуд, ӯ дигар духтар намехост. Аз мо хоҳиш карданд, ки ӯро гирем. Аз аввал ба шавҳарам гуфтам, ки забонхат гир, як рӯз мушкил мешавад. Вақте талаб кардам, ки расман кӯдакоро ба номи худамон кунем, шавҳарам гурехта, ба Русия рафт. Хусурам нахостааст, ки кӯдак ба ном мо шавад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ман бе Умеда ва ё ӯ бе ман буда наметавонад"
Ба гуфтаи Шабистон, ҳанӯз дар якуним солагии кӯдак мехост ӯро расман фарзандхонӣ кунад, вале ҷониби шавҳар бо ҳар баҳона ин корро ба таъхир мемонданд. Аммо мегӯяд ӯ, онҳо ҳам то соли пеш мақсади аз ӯ гирифтани кӯдакро надоштанд.
"Кӯдакро бурда меоварданд, ҳар вақте мехостанд, худам ҳам меовардам. Аммо аз 15-уми феврали соли гузашта муносибаташон тағйир кард. Ҳоло мегӯянд, ки Умедаро гирифта ба шавҳари собиқи ман медиҳанд. Аммо ман бе Умеда ва ӯ ҳам бе ман наметавонад. Ман бо азоби зиёд кӯдакро калон кардам, халта дӯхта мефурӯшам, то дар зиндагӣ ягон камбудӣ надошта бошад",-мегӯяд Шабистон.
Шабистон ҳоло ҳамроҳ бо бародараш дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки шароити нигоҳубину тарбияи фарзандро дорад. Аммо ҷониби шавҳари ӯ ва модари бологии кӯдак мегӯянд, аз шароити нигоҳубини фарзанди таваллудкардааш дар хонаи Шабистон розӣ нест.
Чаро Шамсия дар пайи гирифтани Умеда шуд?
Шамсия Мақсудова, модари аслии Умеда мегӯяд, пайваста барои дидорбинии Умеда мерафт ва соле пеш вақте ба аёдати Умеда рафтаву ӯро бемор дид, хост барои чанд рӯз ва табобат ба хона орад ӯро. "Шабистон худаш набуд, дар бозор буд, кӯдак бемор хоб. Таътили тобистона буд, хостам кӯдакро бо худ биёрам, ки як-ду рӯз бо ман бошад. Кӯдакро ба ман надоданд, ва болои ин бо ман муноқиша кардаву заданд. Ман ҳам баъд аз тасмим гирифтам, ки Умедаро бояд дар муҳити дуруст тарбия кунем".
Шамсия, медонад, ки Шабистон Кабудова -- духтари ӯро мисли фарзанд дӯст медорад ва Умеда ҳам бо ӯ дилбастагӣ дорад, аммо бар ин бовар аст, ки духтараш ҳанӯз хурдсол асту зуд дар хонаи онҳо одат хоҳад кард. Ин модар мегӯяд, аз худ дур кардани фарзанд ин ҳама солҳо барояш осон набуд, аммо ба хотири нигоҳдошти як оила, онҳо ин корро кардаву пушаймон шуданд. "Ӯ моро нафаҳмид. Мемонд, ки ман кӯдакро бубинам, як ду-рӯз шояд кор ба додгоҳ намекашид. Вале ман ҳам аз ояндаи кӯдак нигаронам. Ман мисле, ки як чиро гум карда бошам, ҳамеша мекобам. "
Таъсири судбозиҳо ба равони Умеда
Аммо ба гуфтаи Шабистон, ин баҳсу судкашиҳо ба ҳолати руҳии Умеда ва таҳсили ӯ бетаъсир намондааст. Аз тарси он, ки ӯро иҷборан аз модараш ҷудо мекунанд, Умеда, ки ба гуфтаи модар аълохону фаъоли мактаб аст, ҳоло ба мактаб рафтан намехоҳад.
"Хаёл мекунам, маро аз мактаб мебаранд. Як бор аз беморхона маро ба назди падарам бурданд, ман бисёр гиря кардам, барои очам, падарам, гуфт, чаро бо мо намеистӣ. Баъд маро гашта ба хона оварданд. Дар мактаб маро муаллима нағз мебинад, мегӯяд агар туро баранд, дар синф бесаводҳо мемонанд",-мегӯяд Умеда
Шабистон - модархонди Умеда мегӯяд, дар мурофиаи додгоҳӣ, равоншинос ҷалб нашудааст ва касе дилбастагии кӯдаку хости ӯро напурсид. Матлуба Бобоҷонова, ҳуқуқшиноси масоили занону кӯдакон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, новобаста ба он, ки кӯдак ба сини 10 расидааст ё на дар чунин ҳолат ҳатман бояд бо ҷалби равоншиносон дилбастагии ӯ муайян карда шавад.
"Моддаи 3 конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак мегӯяд, ки ҳамаи амалиётҳо бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак баррасӣ шаванд. Агар кӯдак ба нафаре, ки модараш нест, аммо ӯро тарбия кардаасту дилбастагии зиёд дорад, бояд ҳатман суди марҳилаи аввал инро ба назар мегирифт. Ҳамчунин моддаи 12 конвенсияи мазкур мегӯяд, ки ҳар кӯдак нуқтаи назари худро дорад. Тавре мо медонем, мафҳум кӯдак аз рӯзи таваллуд то 18 сола аст."
Аммо ба таъкиди ин равоншинос, хонаводаҳо бояд қабл аз фарзандхонӣ бидунӣ ҳуҷҷат хуб фикр кунанд ва бо риояи талаботи қонун ин равандро анҷом диҳанд, вагарна якбора дур кардани кӯдак аз оғӯши касе, ки ӯро солҳо модар мехонд, барояш зарбаи сахте хоҳад буд.
Муноқишаҳои оилавӣ бар сари фарзанд
Баҳси ду модар барои як фарзанд дар Додгоҳҳои Тоҷикистон камсобиқа нест. Ба гуфтаи додрасҳо, маъмулан хонаводаҳое, ки аз наздикони худ фарзанд мегиранд, ба чунин баҳсҳои додгоҳӣ ва муноқишаҳои оилавӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Қурбонии ин баҳсҳо дар ниҳоят кӯдаконе мешаванд, ки дар хурдсолӣ бидуни санад аз модари биологӣ ҷудо ва дар тарбияи модархонд бузург шудаанд. Бештари онҳо то ба пайдо шудани чунин баҳсҳо ҳуввияти худро дуруст намешиносанд ва ба падар ё модархонд сахт дил бастаанд.
Ба далели мушкил будани раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва навбати зиёд барои гирифтани фарзанд аз ятимхонаҳо, дар бисёр ҳолатҳо хонаводаҳои бефарзанд аз хешу наздикони худ кӯдак мегиранд ва ин ҷараён на ҳамеша расмӣ мешавад.