Ду медали қаиқронҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Самарқанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни варзишгарони то 23-сола, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷараён дорад, ду медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, Шаҳриёр Даминов, ки дар қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр мақоми аввалро касб намуд, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Варзишгарони тоҷик Шаҳриёр ва Мустафо Даминовҳо, Иван Ковалёв ва Дилшод Ҷӯраев дар каноэи чорнафарӣ ба масофаи 1000 метр барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни варзишгарони то 23-сола, ки дар шаҳри Самарқанд то рӯзи 25-уми октябр идома хоҳад кард, варзишгарони 15 кишвари Осиё ширкат доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур 28 нафар - 23 варзишгар ва 5 мураббӣ – дохиланд.

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов, варзишгари 21-солаи тоҷик, имсол дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон соҳиби медали нуқра гардидааст.