Дар Тоҷикистон бадгӯӣ дар ҳаққи келинҳои коргар аз байн меравад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нигина як тоҷири муваффақ аст, вале вақте аз баландии имрӯз ба қадамҳои нахустини худ дар тиҷорат менигарад, хуб ёд дорад, ки як зани ҷавону бетаҷриба, мутеъ ва дастнигар буд. Дар хонаи волидони шавҳар зиндагӣ мекард ва мисли дигар келинҳо дар Тоҷикистон хидматгори хона буд.