Дар Душанбе рӯзи 23 октябр дар ҷаласаи ҳарсолаи машваратии ИМА ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Сафорати ИМА дар Душанбе дар баёнияе мегӯяд, ки бо ҳадафи ширкат дар ин ҷаласа ба Душанбе ҳайате ба раҳбарии муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи марказӣ, матбуот ва дипломатияи оммавӣ Эмилия А. Пума ташриф меорад. Дар хабаре, ки рӯзи 19 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо кордори Сафортаи ИМА Кевин Коверт, ҳайати байниидоравӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ мекунанд. Дар ин ҷаласа мубориза бо ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба ҳамгироии минтақавию рушди иқтисодӣ баррасӣ мешавад.