Абдураҳмон Айёмбеков, бародарзодаи Толиб Айёмбеков -- яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки ба гуфтаи мақомот "дар пайи муқобилият бо кормандони пулис", ҳамроҳ бо чаҳор нафари дигар боздошт шуда буд, озод шудааст.
Телевизиони маҳаллии Бадахшон қаблан хабар дода буд, ки ҳодиса рӯзи душанбеи 15-уми октябр дар посгоҳи Бидури ноҳияи Шуғнон замоне рух дод, ки кормандони пулис панҷ нафарро барои муқобилият ва итоат накардан ба амри кормандони интизомӣ, боздошт намуданд.
Толиб Айёмбеков гуфт, воқеан бародарзодаи ӯ Абдураҳмо боздошт шуда буд, вале баъди пурсиши кормандони пулис маълум шуд, ки ӯ сархуш набудааст ва бинобар ҳамин, ӯро озод намуданд ва ҳоло дар хона аст.
Бар пояи ин гузориши телевизиони Бадахшон, вақте ронанда дар постгоҳ мошинро нигоҳ надошта ва мехоҳад ба самти дигар фирор кунад, як корманди БДА худро болои қисмати пеши мошин мепартояд. Манбаъ мегӯяд, бо вуҷуди ин, ронанда мошинро нигоҳ надошта, корманди пулисро болои қисмати пеши мошинаш то 300 метр кашола мекунад.
Дар ниҳоят, маъмурони пулис мошинро манъ ва ронандаву 4 нафар мусофирони онро боздошт мекунанд, ки дар миёни онҳо Абдураҳмон Айёмбеков низ будааст. Ба иттилои телевизиони Бадахшон, бар пояи ташхис, ҳамаи боздоштшудаҳо дар ҳолати мастӣ қарор доштанд ва аз дохили мошин миқдори зиёди машрубот низ пайдо шудааст.
Толиб Айёмбеков рӯзи 18-уми октябр дар сӯҳбати телефонӣ аз Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан бародарзодаи ӯ Абдураҳмони 21-сола боздошт шуда буд, вале баъди пурсиши кормандони пулис маълум шуд, ки ӯ сархуш набудааст ва бинобар ҳамин, ӯро озод намуданд ва ҳоло дар хона аст.
Толиб Айёмбеков афзуд, ки бародарзодааш Абдураҳмони 21-сола дар он мошини "Жигулӣ" ҳамчун мусофир нишаста буд ва аз ҳамроҳони он 4 нафар набудааст. Вай гуфт, он чаҳор нафар айни ҳол дар боздошт қарор доранд ва мувофиқи аъмолашон ҷазо мегиранд. Онҳо дар ҳоли ҳозир дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон нигаҳдорӣ мешаванд.
Толиб Айёмбеков дар робита ба вазъ дар Бадахшон гуфт, ки баъд аз ҷаласаи ҳукумати вилоят дар рӯзи 16-уми октябр, дар ҳама кӯчаҳо ва маҳаллҳои Хоруғ постгоҳҳо ташкил кардаанд ва мақомот ҳамоно 8 нафар аз афродеро, ки таслим нашудаанд, мавриди кофтуков қарор додаанд.
Рӯзи 12 октябр мақомот гуфтанд, ки дар давоми як моҳи рейдҳо дар Бадахшон аз 21 нафари мавриди ҷустуҷӯ, 11 нафар таслим шудааст ва амалиёт барои ба ҷавобгарӣ кашидани боқимондаҳо идома дорад. Мақомот гуфтанд, ин афрод барои содир кардани ҷиноят дар ҳодисаҳои солҳои гузашта гумонбар ва мавриди ҷустуҷӯ буданд.
"Маҳмадбоқир ва Ёдгор дар пайгард нестанд"
Толиб Айёмбеков ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи он, ки то куҷо дар миёни афроди мавриди ҷустуҷӯ инчунин бархе пешвоҳои ғайрирасмии ҷавонони Бадахшон, мисли худи Толиб Айёмбеков, ваё Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Ёдгор Шомусалламов ҳам мебошанд, посухи рад дод ва гуфт, "на, чунин нест".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Айёмбеков гуфт, ки мақомот онҳоеро мехоҳанд дастгир кунанд, ки дар ҳаводиси шаш соли пеш иштирок кардаанд. Соли 2012 дар пайи қатли раиси идораи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон Абдулло Назаров, мақомоти интизомӣ амалиёти боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин кушторро дар Хоруғ роҳандозӣ карданд.
Ҷаласаи ҳукумат пас аз 1 моҳи интиқоди президент
Вале шаш сол баъди он ҳодисаҳо, моҳи сентябри имсол дар як сафари корӣ президент Эмомалӣ Раҳмон дубора аз вазъи амниятӣ ва ҳам тартибот интиқод кард ва дар пайи ин як моҳи гузашта дар Бадахшон амалиёти тартиботи ҷамъиятӣ роҳандозӣ шуд. Сокинони Бадахшон бо вуҷуди он, ки натиҷаи як моҳи фаъолияти мақомоти интизомӣ дар Бадахшонро мусбат арзёбӣ мекунанд, вале мегӯянд, ки ин корҳо кофӣ нест ва бояд идома ёбад.
Барои матбуот дақиқ маълум нест, ки нақшаҳои умдаи мақомот дар Бадахшон чӣ мешавад, вале тавре раиси нави ин вилоят Ёдгор Файзов гуфтааст, бояд дар баробари таъмин шудани тартиботи пурраву бехатарӣ дар ҷомеа, дар фикри ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоии вилоят шуд. Аксар соҳибназарон мушкили мардумро дар бекорӣ ва набуди шуғлу даромади собит медонанд.
Мушкили Бадахшон чист?
Аввалмо Хубоншоева, намоянда дар маҷлиси вакилони шаҳри Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи рӯзи 16-уми октябр дар Хоруғ ба мақомоти интизомӣ машварат дода шуд, ки дар доираи амале, ки дар як моҳи гузашта анҷом дода шуд, фаъолияти худро идома диҳанд.
"Ҳоло мақомоти умури дохилаву амният корро чун пештара идома дода истодаанд ва бояд гурӯҳҳои боқимондаи ҷиноӣ дастгир карда шаванд ва силоҳи боқимонда аз дасти мардум гирифта шавад. Дар ҷаласа дар назди мо - омӯзгорон масъала гузошта шуд, ки бо падару модарон кор барем, вохӯриҳо ташкил диҳем ва ман барои худам як барнома ҳам тартиб додам".
Хонум Хубоншоева афзуд, воқеан ҳоло вазъият аз нигоҳи амният ва тартибот комилан дигар шудааст. Мошини сиёҳшиша умуман дар Хоруғ дида намешавад ва ҳавоси мардум ором ба назар мерасад.
Истиқболи мардум аз анҷом нашудани амалиёти низомӣ
Фаромуз Иргашов, як намояндаи мардумӣ дар Хоруғ ҳарфҳои Аввалмо Хубоншоеваро тасдиқ кард ва гуфт, ба фарқ аз вазъи як моҳи пеш имрӯзҳо, вақте ки аз хона берун мешавед, дар роҳҳои шаҳр мошинҳои сиёҳшишаро дида намешавад ва бими онро надоред, ки бо афроди ҷиноятпеша рӯ ба рӯ мешавед: "Ман ҳамчун намояндаи мардумӣ, ки дар ҷаласа иштирок доштам ва гуфта шуд, ки амалиёти ҳарбӣ анҷом дода намешавад, на танҳо ман, ҳамаи мардуми вилоят хушҳол шуданд.
Аммо раиси вилоят, додситони кулл ва раиси КДАМ дар ҷаласа иброз доштанд, ки як моҳ барои ба низом овардани вазъ кифоя набуд ва барои таъмини қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, вақти бештар зарур аст.
Мақомот гузориш доданд, ки дар ҷараёни амалиёти якмоҳа дар Бадахшон аз аҳолӣ даҳҳо мил силоҳ мусодира ва ҳамаи мошинҳои сиёҳшиша оинаҳои худро пок карданд. Дар давоми як моҳи гузашта аз як амалиёти қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуд.