Сафорати Амрико дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи як барнома ҳазорҳо китоби бадеиро ба хонандагони мактабҳои кишвар тақдим кунад. Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, рӯзи 12-уми октябр ҳангоми тақдими китобҳо дар мактаби шумораи 1-и ноҳияи Ҳисор гуфт, имсол ба хонандагони беҳтарин беш аз 7200 китоби бадеӣ дода шудааст.
“Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ иқдом кардааст, ки ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, хусусан хонандагони синфҳои ибтидоӣ беш аз 140 000 китоби бадеӣ бидиҳад”, - гуфт ӯ.
Дар маросими тақдими китобҳо, ки бо ҳузури садҳо хонандаи мактаби шумораи 1-и шаҳри Ҳисор ва омӯзгорону мудирони мактабҳои гуногун баргузор шуд, ҳадаф аз ин иқдомро рушди китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба адабиёти бадеӣ аз солҳои нахустини таҳсил номиданд.
Китобҳои бадеии мазкур ба хонандагони синфҳои ибтидоии 1000 муассисаи таълимии Тоҷикистон тақдим хоҳад шуд.
Абдуҷаббор Алиев, ҳамоҳангсози барномаи “Ҳамроҳ бихонем” аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, “марҳилаи якуми чопи китобҳои бадеӣ аз тарафи лоиҳа ба анҷом расид. Номгӯи китобҳое, ки бояд тақсим шавад, аз сӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шуда буд. 40 номгӯи китоб нашр гардид, ки 21 номгӯяш он ба забони тоҷикӣ ва боқимонда бо забони русӣ аст.”
Ҳадафи дигари барнома тақвияти таҷрибаи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдорон номбар мешавад.
Тарҳи “Ҳамроҳ бихонем” аз ду сол ба ин тараф рӯи даст гирифта шудааст.
Гузориши видеоиро дар ин бора инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад