"Нодухтарӣ" ва фоҷиаи зиндагии Мастона

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳар хабари издивоҷи духтарҳои ҷавон ва ноумеду хонахароб шудани онҳо дар ҳафтаҳои аввали зиндагӣ Мастонаи 21-соларо парешонҳолу нигарон мекунад. Дар ин синни кам ва ҷавон Мастона тамоми азияту сахтиҳои як ҷавонзани рондашуда аз хонаи шавҳарро чашидааст ва бо гузашти як сол аз хонахароб шуданаш ҳам ҳанӯз ба ҳолати маъмулӣ барнагаштааст. Мастона сокини Балҷувон аст ва ҳамагӣ як шаб баъд аз арӯсӣ барои "бокира" набудан, аз хонаи шавҳар ронда шуд.