Мунтахаби наврасони Тоҷикистон - барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Осиё

Лаҳзае аз бозӣ

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Ин бозӣ шоми якшанбе, 7-уми октябр, дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Нишикава дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 63-юм, бо зарбаи сахт аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё -2018 миёни наврасон (U-16). Финал

Ҷопон – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ҷун Нишикава, 63.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Шарифбек Раҳматов, 60), Озодбек Панҷиев (Шоҳрух Сангов, 66), Ислом Зоиров (Суннатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров.

Сардовар: Аҳмад Яъқуб Иброҳим (Урдун).

7 октябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 352 тамошобин.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, инчунин соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардид, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни наврасони зери 16-сола аз соли 1985 барои бори 18-ум баргузор шуд. Ин мусобиқа, инчунин мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (U-17) маҳсуб мешавад.

Дастаи мунтахаби наврасони Ҷопон аз ҳама бештар – се бор - ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст. Дастаҳои Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Умон, Кореяи Шимолӣ дуборӣ ва тимҳои Қатар, Тайланд, Эрон, Узбекистон ва Ироқ якборӣ медалҳои тиллоро ба даст овардаанд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2006 дар Сингапур барпо гардид, барои ҷойи севум бар тими Сурия аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуда, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардида буд. Вале аз соли 2008 бозӣ барои ҷойи сеюм гузаронида намешавад.

Дар мусобиқаи соли 2006 мунтахаби Ҷопон, ки тими Кореяи Шимолиро дар замони иловагӣ бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, то ҳаштякфинал роҳ ёфтааст. Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “E” се бозӣ анҷом дод, ки натиҷаҳояш чунин аст: Тоҷикистон – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 4:3 (голҳои Тоҷикистон: Дилшод Восиев, дақиқаи 32-юм, Самад Шоҳзуҳуров, 43, Нуриддин Давронов, 82 ва Фатҳулло Фатҳуллоев, 86), Тоҷикистон – Белгия – 0:1, Тоҷикистон - Тунис – 0:1.

Дар ин гурӯҳ Тунис бо 9 имтиёз ғолиб шуд. ИМА, Тоҷикистон ва Белгия сеимтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо ИМА (6-7) ҷойи дуюм, Тоҷикистон (4-5) ҷойи сеюм ва Белгия (3-6) ҷойи чорумро соҳиб шуданд.Аз ин гурӯҳ се даста ба даври ҳаштякниҳоӣ баромад. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳаштякфинал бо тими Перу рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар вақти иловагӣ низ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ мунтахаби Перу бо ҳисоби 5:4 ғолиб шуд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Нигерия сурат гирифт. Замони асосӣ ва иловагӣ бидуни гол ба анҷом расид. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ Нигерия бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (1985-2018):

1985 – Арабистони Саудӣ – Қатар – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

1986 – Кореяи Ҷанубӣ – Қатар – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:4

1988 – Арабистони Саудӣ – Баҳрайн – 2:0

1990 – Қатар – Имороти Муттаҳидаи Араб– 2:0

1992 – Чин – Қатар – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 8:7

1994 – Ҷопон – Қатар – 1:0 (замони иловагӣ)

1996 – Умон – Тайланд – 1:0

1998 – Тайланд – Қатар – 1:1. Аз рӯи пеналӣ – 3:2

2000 – Умон – Эрон– 1:0

2002 – Кореяи Ҷанубӣ – Яман – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ– 5:3

2004 – Чин – Кореяи Шимолӣ – 1:0

2006 – Ҷопон – Кореяи Шимолӣ – 4:2 (замони иловагӣ)

2008 – Эрон – Кореяи Ҷанубӣ – 2:1

2010 – Кореяи Шимолӣ – Узбекистон – 2:0

2012 – Узбекистон – Ҷопон – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2014 – Кореяи Шимолӣ – Кореяи Ҷанубӣ – 2:1

2016 – Ироқ – Эрон – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2018 – Ҷопон – Тоҷикистон – 1:0