Ҷоми президенти Тоҷикистонро паҳлавонҳои тоҷику узбек тақсим карданд

Акс аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки аз 2-юм то 5-уми октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, 248 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат дошт.

Мусобиқаи имсола аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо миёни мардон сурат гирифт. Дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик Раҳматулло Фарҳодов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Дар се вазни дигар гуштигирони узбек Достон Рӯзиев (-60 кг), Абдуҷалил Юсупов (-66 кг) ва Достон Мелиев (-90 кг) ғолиб омаданд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар ҳар як вазн ба ҷуз медалу диплом ҷоизаҳои молӣ супурда шуд. Ба ғолиб 10000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 2500 сомонӣ тақдим гардид.

Бояд гуфт,ки мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Мусобиқаҳои пешин танҳо дар вазни мутлақ баргузор мешуд. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд.

Акс аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни зери 81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ бошад, дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардидааст. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯзӣ ба даст овард. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Чорумин давраи Ҷоми президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дувум медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Узбекистон), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми президенти Тоҷикистон мизбонон барои аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Мусобиқаи соли гузашта, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат доир гардид, бо пирӯзии паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов ба поён расид. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Комроншоҳи Устопириён ғолиб омад. Саидов бо Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Устопириён барои ҷойи дуюм бо медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Гуштигирон Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) ва Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон), ки ҷойҳои сеюмро азони худ карданд, ҳар кадом бо медалҳои биринҷӣ ва 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи VI байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, 2-5 октябри соли 2018, шаҳри Душанбе

Вазни -60кг
1. Достон Рӯзиев (Узбекистон)
2. Фаррух Ҳалимов (Тоҷикистон)
3. Аъзамҷон Аъзамҷонов (Тоҷикистон)
3. Асрор Очилов (Узбекистон)

Вазни -66кг
1. Абдуҷалил Юсупов (Узбекистон)
2. Ёқубҷон Боқиев (Тоҷикистон)
3. Нуроншо Бодомаев (Тоҷикистон)
3. Муҳриддин Тилавов (Узбекистон)

Вазни -73кг
1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
2. Саидмухтор Расулов (Тоҷикистон)
3. Муҳаммадраҳим Сарахонов (Тоҷикистон)
3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)

Вазни -81кг
1. Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)
2. Суҳроб Турсунов (Узбекистон)
3. Акмал Муродов (Тоҷикистон)
3. Исроил Раҳимов (Тоҷикистон)

Вазни -90кг
1. Достон Мелиев (Узбекистон)
2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)
3. Шерафган Сардоров (Тоҷикистон)
3. Олим Авазов (Тоҷикистон)

Вазни -100кг
1. Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон)
2. Сергей Пак (Қазоқистон)
3. Фарёд Шайхов (Тоҷикистон)
3. Ғазалшои Давлатшо (Тоҷикистон)

Вазни +100кг
1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон)
2. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
3. Самеъ Авғонов (Тоҷикистон)
3. Бекбулат Токтоганов (Қирғизистон)