Бохти шатранҷбозони тоҷик дар даври даҳуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Дар даври даҳуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 4-уми октябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, дастаи мардонаи Тоҷикистон аз тими Беларус ва дастаи занонаи кишвар аз тими Тайланд бо ҳисоби якхелаи 1-3 мағлуб шуданд.

Дар даври даҳуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Батуми дастаи мардонаи Тоҷикистон муқобили Беларус дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Амин Қобилов ва Алишер Каримов рақобат кард. Мустафохоҷа ва Амин бозиҳояшонро мусовӣ карданд, вале ду нафари дигар аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар даври даҳум низ гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов бозӣ накард. Ӯ дар 8 бозӣ 6 имтиёз ба даст овардааст. Шатранҷбозони дигари тоҷик низ ҳашт бозӣ анҷом додаанд. Каримов 5 имтиёз, Қобилов 4,5 имтиёз, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев 3,5 имтиёз ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев 3 имтиёз гирифтаанд.

Дар сабқати мардон баъди натиҷагирии даври даҳум тимҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Лаҳистон бо 17-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якуму дуюм ҷойгир шудаанд. Лаҳистон, Фаронса ва Русия бо 16-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои аз сеюм то панҷум қарор доранд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар байни 150 кишвар дар зинаи 81-ум ҷойгир шудааст.

Мардони шатранҷбози тоҷик дар панҷ бозӣ бар тимҳои Лесото (4-0), Тайланд (3-1), Қатар (3,5-1,5), Умон (3,5-0,5) ва Тайбейи Чин (3-1) ғолиб омада, дар панҷ бозӣ аз тимҳои Ҷумҳурии Чех (1-3), Нидерланд (0-4), Қазоқистон (1,5-2,5), Исландия (1,5-2,5) ва Беларус (1-3) шикаст хӯрдаанд.

Тими мардонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (15 имтиёз, дар ҷойи 12-ум), Узбекистон (13 имтиёз, дар ҷойи 27-ум), Туркманистон (11 имтиёз, дар ҷойи 63-юм) ва пеш аз Қирғизистон (10 имтиёз, дар ҷойи 83-юм) қарор дорад.

Дар ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври даҳум муқобили Тайланд танҳо Сабрина Абророва бозиашро бо пирӯзӣ анҷом дод. Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова ва Мутриба Ҳотамӣ аз рақибонашон мағлуб шуданд. Абророва 5,5 имтиёз, Насриддинзода, Антонова ва Ҳотамӣ 5-имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Баъди натиҷагирии даври даҳум дар сабқати занон тими Чин бо 17 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Арманистон бо 16-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюм, сеюм ва чорум ҷойгир шудаанд. Русия бо 15 имтиёз дар ҷойи панҷум аст. Тими занонаи Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар байни 150 даста ҷойи 87-умро касб намудааст.

Занони шатранҷбози тоҷик дар чор бозӣ бар тимҳои Непал (4-0), Ямайка (4-0), Африқои Ҷанубӣ (2,5-1,5) ва Уругвай (4-0) ғолиб омада, як бозиро бо тими Швейтсария мусовӣ (2-2) кардаанд ва дар панҷ бозӣ аз тимҳои Чин (1,5-3,5), Канада (1-3), Малайзия (1-3), Австрия (0,5-3,5) ва Тайланд (1-3) мағлуб шудаанд.

Тими занонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (14 имтиёз, дар ҷойи 13-ум), Узбекистон (13 имтиёз, дар ҷойи 24-ум), Туркманистон (12 имтиёз, дар ҷойи 35-ум) ва Қирғизистон (11 имтиёз, дар ҷойи 61-ум) қарор дорад.

Дар даври даҳуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми имрӯз, 5-уми октябр, тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Парагвай, ки бо 9 имтиёз дар ҷойи 92-юм мебошад, рақобат мекунад. Рақиби тими мардонаи Тоҷикистон дар даври ёздаҳум дастаи Ироқ аст, ки бо 10 имтиёз дар зинаи 93-юм ҷойгир шудааст.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми 6-уми октябр ба поён мерасад. Олимпиадаи ҷаҳониро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст.