Тими занонаи футболи тоҷик пас аз шикаст дар қаҳрамонии Осиё. ВИДЕО

Бурди футболбозони навраси тоҷик дар бозиҳои қаҳрамонии Осиё, сару садо ва танқидҳо атрофи бохти футболбоздухтарони то 16- солаи тоҷикро то ҷое кам кард.

Интиқодҳо пас аз мағлубият

Мағлубият бо ҳисоби бузург ва роҳ наёфтан ба бозиҳои ниҳоии ҷоми Осиё футболбоздухтарони то 16-солаи тоҷикро зери борони танқидҳо қарор дод. Дӯстдорони футбол, ки рафти бозиҳоро назора мекарданд, аз он таассуф мехӯранд, ки духтарони тоҷик дар майдони худ натавонистанд бо дастаҳои меҳмон муборизаи баробар нишон диҳанд.

Духтарони футболбоз ва ҳам муррабиёни онҳо мехоҳанд, лигаи занонаи футбол фаъол бошад ва барои анҷоми бозиҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя имкон фароҳам оварда шавад.

Тими мунтахаби духтаронаи зери сини 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол, дар бозиҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба футбол бо ҳисоби калон шикаст хӯрданд.

Футболбоздухтарони тоҷик, ки ҳоло баъди чанд рӯзи таътил дубора ба тамрин шурӯъ кардаанд, мегӯянд, ки баъди ин бозь иштибоҳи худро дарк кардаанд ва рӯҳафтода нестанд. Набуди таҷрибаи зиёд, дарвозабони қавӣ ва омода набудан аз нигоҳи равониро духтарон аз омилҳои мағлубияти худ дар сабқати байналмилалӣ медонанд.

Чаро дастаи Тоҷикистон шикаст хӯрд?

Мадина Давлатоваи 14-сола, ки дар тими мунтахаб, дар мавқеи нимҳимоятгарӣ марказӣ бозӣ мекунад, мегӯяд, ин сабқат барояш дарси хубе барои дарки иштибоҳҳои худ ва тимаш буд. "Бозии аввал бо Сингапур буд, дарвозабонамон иштибоҳ кард, ба дарвоза 3 гол сар дод. Дар маҷмӯъ, мо дар се давр бозии хуб доштем. Омодагиамон хуб буд, як моҳ тамрин кардем, аммо ба фикрам ба майдон нобоварона ворид шудем."

​Мадина баъди ин бозӣ ба хулосае омадааст, ки бояд ӯ ва ҳамтоёнаш худро аз нигоҳи ҷисмонӣ, тактикӣ, техникӣ ва равонӣ рушд диҳанд ва бештар тамрин кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тими занонаи футболи тоҷик пас аз шикаст дар қаҳрамонии Осиё

Зебо Гасимова, ёрдамчии сармураббии тими мунтахаби духтарони то 16- сола ҳам бар ин бовар аст, ки камбуди аслӣ дар бозии онҳо набуди дарвозабони қавӣ буд. Баъди ин бозиҳо ва шикасти калон, мураббӣ ба ҷустуҷӯи дарвозабон ва футболбоздухтарони моҳир баромадааст. Ба гуфтаи ӯ, духтарони футболбоз боистеъдод кам нестанд, аммо аксаран хонаводаҳо ба вижа бародарону падарон монеи ба майдон футбол ворид шудани онҳо мешаванд.

"Борҳо чунин духтаронро пайдо кардам, аммо ҳар бор ё падар ё бародар, пеш баромада, ба духтарон иҷоза намедиҳанд, ки ба тамрин оянд. Ҳоло ман мабҷур шудаам ба майдонҳои назди биноҳои истиқомати рафта, духтаронро он ҷо наздик ба хонаҳояшон ба машқ ҷалб кунам. Бо умеде, ки аз миёни онҳо мешавад футболбозони хуб пайдо кард."

Тими мунтахаби футболи духтарони Тоҷикистон 30 нафар духтаронро аз ноҳияҳои мухталифи кишвар, шурӯъ аз Фархор то Хуҷанду Норак ҷалб кардааст. Зебо Гасимова мегӯяд, барои қавӣ кардани тими футболи духтарона, бояд шароити беҳтар фароҳам овард.

​"Тамринҳои асосиро бояд пайваста ба роҳ монем. Мусобиқаҳо ташкил кунем байни кишвраҳои ҳамсоя. Бояд бештар бозӣ кард, то духтарон гум нашаванд. Барои аксари духтарон ин сабқат бисёр мушкил буд, онҳо аз нигоҳи равонӣ омода набуданд ва мувафақ нашуданд."

Мушкили ҷалби духтарон ба футбол

Мағлубияти духтарони футболбози тоҷик ва нороҳатии мухлисон аз бозии онҳо дар сабқати байналмиллалӣ дар ҳолест, ки муррабиён мегӯянд, ҷалби духтарон дар Тоҷикистон ба футбол кори осон нест ва барои сохтани як тими қавии духтарона вақт лозим аст.

Қиссаи ба майдони футбол омадани аксар духтароне, дар ҷомеаи суннатӣ ба ҳам монанд аст. Аксари онҳо барои ворид шудан ба майдони футбол, маҷбур шудаанд, мубориза баранд ва наздикону волидонро мутмаин кунанд, ки "футбол фақат барои писарон нест".

Ҳоло ба гуфтаи муррабиён мушкил ин аст, ки баъди талошҳои зиёд ва аз худ кардани малакаҳои бозӣ ва оиладор шудан, дигар духтарон бо футбол худоҳофизӣ мекунанд.

Вале бо ин ҳама масъулини соҳа аз он хушҳолӣ мекунад, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба оҳистагӣ футбол байни духтарон то ҷое шӯҳрат касб карда, таваҷҷуҳи духтарон дар ноҳияҳои дурдаст ҳам ба ин навъи варзиш бештар мешавад.

Духтарони футболбоз ва ҳам муррабиёни онҳо мехоҳанд, лигаи занонаи футбол фаъол бошад ва барои анҷоми бозиҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя имкон фароҳам оварда шавад. Ин таҷрибаи ва шонси ғалаба дар сабқатҳои байналмилалиро бештар мекунад.