Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз дастаи Беларус шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии дувуми санҷишӣ дар Минск аз тими мунтахаби Беларус (U-19) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

  • Дар бозии ҷавобии санҷишӣ, ки рӯзи 3-юми октябр дар пойтахти Беларус барпо гардид, голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонд.
Чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19) ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша (Лаҳистон) барпо мегардад, роҳхат мегирад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дувум нисбат ба бозии аввали санҷишӣ ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати ибтидоии даста ҳашт тағйирот ворид намуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар бозии аввали санҷишӣ, ки рӯзи 1-уми октябр дар варзишгоҳи «Торпедо»-и шаҳри Минск барпо гардида буд, бар ҳамсолони худ аз Беларус бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Зарбаҳои нишонраси Далер Ёдгоров (дақиқаи 15-ум) ва Шериддин Бобоев (дақиқаи 57-ум) ба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯзӣ овард.

Ин бозиҳои санҷишӣ як марҳилаи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 19-сола маҳсуб мешуд, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар Индонезия баргузор мешавад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи «D» нахустин бозиашонро 20-уми октябр бо дастаи Чин анҷом медиҳанд. Дар даври дувум 23-юми октябр бо ҳамсолони худ аз Малайзия вориди рақобат мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 26-уми октябр бо мунтахаби Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин муборизаро барои медалҳо дар чорякфинал идома медиҳанд. Дар мавриди аз гурӯҳ баромадан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун - рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19) ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша (Лаҳистон) барпо мегардад, роҳхат мегирад.