Иштирокдорони маҳфили бахшида ба ёди Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллӣ ва Бурҳоннидини Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, дар Душанбе хостанд, ки кӯча ваё гулгаште дар кишвар ба номи ин ду нафар гузошта шавад. Ин маросим 18-уми сентябр дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қосимшоҳ Искандаров, раиси Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистон, гуфт, чунин пешниҳод дар шакли расмӣ бояд аз тарафи Кобул сурат бигирад. “Фикр мекунам, мақомоти расмии мо мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳанд. Гузоштани номи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ё устод Бурҳониддини Раббонӣ ба гулгаште, хиёбоне ваё кӯчае кори нек мешавад”, - афзуд ӯ.
Дар маросими ҳафтаи шаҳид ба хотири гиромидошт аз шаҳидони роҳи озодии Афғонистон, бештар аз ҳама исми Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳонниддини Рабонӣ вирди забонҳо буд. Аз хидмати онҳо дар барқарории сулҳи тоҷикон низ суҳбат шуд.
Саидмаъсуми Бадахш, сарпарасти сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, “бо таваҷҷуҳ ба муштаракот ва равобити нек интизор дорем, давлатмардони Тоҷикистон кадом хиёбон ё боғу китобхонаро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд ё шаҳид Устод Раббонӣ мегузоранд.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз Убайдуллоев хостанд, кӯчаеро ба номи Масъуд гузорад (2 ВИДЕО)Аҳли фарҳанги Афғонистон арҷгузорӣ аз шаҳидони роҳи озодии Афғонистонро дар кишварҳои хориҷӣ номбар карданд, ки боис ба ифтихори натанҳо мардуми Афғонистон, балки ҳамзамон кишвари мизбон будааст.
Ямо Шароф, устоди донишгоҳи Балх, мегӯяд, “кишварҳои зиёдеро дидем, ки ҷоеро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузоштанад. Барои мисол, дар Ҳиндустон хиёбонеро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузоштаанд. Дар Эрон кӯчаеро бо номи Аҳмадшоҳи Масъуд мебинем. Ифтихор насиби мо мешавад, ки бале чунин чизе ҳаст.”
Дар маросими бузургдошт аз ҳафтаи шаҳид, ки бо ҳузури фарҳангиён ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва корпусҳои дипломатӣ баргузор шуд, акси 35 шаҳид ба намоиш гузошта ва аз саҳму хидмати онҳо ёдоварӣ шуд. Чунин як маросим чанд соли охир дар ҳафтаи шаҳид шудани ду шахсияти бузург ва қаҳрамони роҳи озодии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва профессор Бурҳониддин Раббонӣ дар намояндагии дипломатии ин кишвар баргузор мешавад.