Писари Фаррух Қосимов. Аз барномасозӣ то ҳунарпешаи театр. ВИДЕО

Фирдавси Қосим

Фирдавси Қосим, коргардону ҳунарпешаи ҷавон ва писари Фаррух Қосимов – бунёдгузори театри “Аҳорун” – дар намоишномаи “Ватандорӣ” барои чанд лаҳза бинандаҳоро ба дунёи ашъори Лоиқ Шералӣ, шоири шинохтаи тоҷик бурд. Муаллиф хостааст, ки аз ин тариқ “ба гӯши насли нав фарёди бедорӣ занад”.

Фирдавс, фарзанди чаҳоруми Фаррух Қосимов, дар асл барномасоз аст, вале пас аз марги падар тасмим гирифт, вориди саҳнаи театр шавад

"Дар такопӯи зиндагӣ аз зебоии дунё маҳрум мешавем"

Коргардони ҷавон Фирдавси Қосим рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷомеаи Тоҷикистон зери бори зиндагӣ аз мероси гузаштагон дур шудааст. “Дар ман як эҳсосе пайдо шудааст, ки дар такопӯи зиндагӣ аз адабиёт ва зебоии дунё маҳрум мешавем. Гуфтаниам, ки таърихро фаромӯш накунем. Дар таърихи мо ва адабиёти бостонии мо ин қадар зебоӣ аст. Адабиёти мо таърихи ҳазорсола дорад. Вақте онҳоро мехонӣ, ин қадар дунёи зеборо ҳис мекунед”, - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Писари Фаррух Қосимов аз барномасозӣ ба театр гузашт

"Ҳамчун инсон ва ҳунарпеша идеали ман буд"

Ин нахустин кори Фирдавси Қосим ба ҳайси коргардон аст ва дар ҷашни 70-солагии падараш, ҳунарпешаи маъруф Фаррух Қосимов пешниҳоди тамошобинон шуд. Падар барои Фирдавс ҳам чун як инсон ва ҳам ҳунарпеша идеал ё намунаи беҳтарине дар зиндагӣ будааст.

Ӯ гуфт, “дунёи ӯ зебо буд. Сифат кардан мушкил аст. Бароям дунёи инсонии падарам хеле дилкаш аст. Ҳамчун инсон шахси бузург буданд. Дар кор ва инсонгарӣ пайрави падар ҳастам.”

Фирдавс фарзанди чаҳоруми Фаррух Қосимов аслан барномасоз аст, вале пас аз марги падар тасмим гирифт, вориди саҳнаи театр шавад ва бо пайроҳаи падар биравад.

“Чӣ тавре, ки мегӯянд, хун ё дил кашид ва ман ба саҳнаи ҳунар пайвастам. Ва аз ин хеле шодам”, - афзуд ӯ.

"Аз дур назорат мекард"

Сабоҳат Қосимова, модари Фирдавси Қосим, ки ҳоло раёсати театри "Аҳорун"-ро ба дӯш дорад, дар бораи кори писараш гуфт: “Фирдавс аз аввал дар театр ҳамроҳи мо буд. Падарро, ки 11 сол бемор буд, то театр ҳамроҳӣ мекард. Аммо саҳнаҳоро аз дур тамошо мекард. Вақте падар гузашт, медидам, ки дар рӯйи мизи кории Фирдавс китобҳои падар ҷамъ мешуданд. Яъне худаш ин ҳунарро дӯст дошт ва омад. Ҳоло ҳис кардам, ки ӯ диду назари худро дорад ва ин барои ҳунарманд муҳим аст. Бовар кардам, ки ӯ метавонад.”

Намоишномаи коргардони ҷавон аз ҷониби шоирони саршинос ва ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷик, ки дар толори театри Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ҷамъ омаданд, бо кафҳои пурмавҷ истиқбол шуд.

"Ман ба ин мухолифам, ки..."

Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи тоҷик, ба кори коргардону ҳунарпешаи ҷавон Фирдавси Қосим баҳои баланд дод.

Ӯ гуфт, “имрӯз фарзанди Фаррух Қосимов – Фирдавс барои мо Лоиқ Шералӣ дӯсти маро зинда кард. Ман байни маргу зиндагӣ фарқ намебинам, вақте гап дар бораи шоир меравад ва вақте шоирро муаррифӣ мекунанд. Бисёриҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон шеър қадр надорад. Шоиру шеършинос кам шудааст. Ман ба ин мухолифам. Дар театри ҷавонон, театри дӯстдоштаи ман ҳам маҷмӯаи шеърҳои ватандӯстонаи Бозор Собирро монданд. Дар онҷо бисёриҳо дар зиндагӣ, ба андеша рафтанд.”

Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри “Аҳорун” ва яке аз поягузорони театри миллии тоҷик дар нахустин солҳои истиқлол, соли 2010 дар 62-солагӣ баъд аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Ҳоло театри ӯ бо номи дигар ва бо ҷалби ҳунарпешаҳои ҷавон, фаъолият дорад, аммо сабку услуби Фаррухи Қосим ҳамоно дар он ҳифз шудааст.