Зере Асилбек барои клипи "Қиз" таҳдиди марг гирифт. ВИДЕО

Сарояндаи қирғиз Зере Асилбек

Сарояндаи қирғиз Зере Асилбекро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдид ба қатл доранд.

Як корбари ношинос дар "Инстаграм" сарояндаи 19-соларо таҳдид ба қатл кардааст, то навори клипи "Қиз"-ро пок кунад. Дар ин бора худи сароянда 18-уми сентябр дар Фейсбук хабар дод.

"Ҳоло ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардаам. Мехоҳам, нахуст бо падарам дар ин бобат суҳбат кунам ва сипас тасмим гирам", - гуфт ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зере: "Маро шӯришӣ мегӯянд"

Каме дертар корбаре бо номи "Ddjumabaev" низ ба Зере Асилбек таҳдиди ҳамсон кардааст. Ӯ навиштааст, "ман бо шавқ ба ӯ мепайвандам ва сари туро аз тан ҷудо мекунам!"

Дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфтанд, ки номаҳо ба Зере Асилбекро хоҳанд омӯхт.

Клипи "Қиз" ба эҳтироми ҳаққи дигарон барои интихоб даъват мекунад.