Кумитаи муқобила бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, хатари гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки дар Афғонистон фаъолтар шудааст, барои Осиёи Марказӣ ҳарчӣ зиёдтар мешавад. Таҳдиде, ки мақомоти сатҳи олии Тоҷикистон ҳам аз он нигарон ҳастанд ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хостаанд, барои маҳви гуруҳ дар Афғонистон талоши бештар ба харҷ бидиҳад.
Ба фикри ман, хатари ДИИШ барои Осиёи Марказӣ назар ба хатари Толибон бештар аст, чун ҳадафи ин созмон густариш ба шимоли Афғонистон аст.
Аз Нангарҳор то Ҷузҷон
Дар гузориши ҳафтуми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи хатари “Давлати исломӣ” ба амният ва суботи ҷаҳон, ки чанде пеш нашр шуд, омадааст, “бо вуҷуди муқобилаи нерӯҳои афғон, эътилофи байналмилалӣ ва Толибон бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ин созмон ба талошҳояш барои густариши ҳузур дар Афғонистон идома дод. Айни замон нерӯҳои асосии ин гуруҳ дар вилояти шарқии Кунар ва Нангарҳор ҷойгир шудаанд ва дар вилояти Ҷузҷону дигар вилоятҳои шимолии кишвар ҳузур доранд.”
Як нуктаи дигари гузориш, ки метавонад, нигаронӣ ва изтироби мақомоти Тоҷикистонро аз хатари ин гуруҳи ифротӣ бештар кунад, ин аст, ки “дар Афғонистон 4 ҳазор узви “Давлати исломӣ” ҳузур доранд, ки 1000 нафарашон дар шимоли кишвар ҳастанд ва аксарияташон аъзои Таҳрики Толибони Покистон ҳастанд ва метавонанд, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари айнӣ эҷод кунанд.”
"Эҳсоси роҳати ҷангҷӯён"
Гузашта аз ин, ба гуфтаи муаллифони гузориш, “теъдоди ҷангҷӯёне, ки дар Сурияву Ироқ истифода аз аслиҳаву маводи тарканда ва усулҳои ҷангро омӯхтаанд, ба Афғонистон меоянд. Ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ ҳам худро дар байни узбеку тоҷиктаборон дар инҷо роҳат эҳсос мекунанд.”
Хатари дигаре, ки гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” барои кишварҳои минтақа эҷод мекунад, ба гуфтаи муаллифони гузориш, ин аст, ки ҷангҷӯён Афғонистонро ба ҳайси майдони тарҳрезии ҳамлаҳо истифода баранд. Яке аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи муқобила бо терроризм гуфтааст, ки тарҳрезони чанд ҳамлае, ки дар Аврупо аз онҳо пешгирӣ кардаанд, дар Афғонистон будаанд.
Эдвард Лемон, таҳлилгари муқими Амрико, ки хатари гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ”-ро барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таҳқиқ мекунад, рӯзи 18-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “нигарониҳоро аз хатари ин гурӯҳи ифротӣ бояд ҷиддӣ гирифт”.
"Хатари сирояти ноамнӣ ба минтақа вуҷуд дорад"
“Ба фикри ман, хатари ДИИШ барои Осиёи Марказӣ назар ба хатари Толибон бештар аст, чун ҳадафи ин созмон густариш ба шимоли Афғонистон аст. Ҳоло пойгоҳи фаъолият дар шимол дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон, дорад. Аз ин рӯ, хатари сирояти ноамнӣ ба минтақа вуҷуд дорад”, - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Айни замон, ба гуфтаи Эдвард Лемон, хатари воқеии гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистонро наметавон арзёбӣ кард, чун иттилои дақиқ дар бораи фаъолияти он гирифтан мушкил аст. Худи Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки теъдоди ҷангҷӯёни ин гуруҳ дар кишвар на бештар аз 2 ҳазор нафар аст ва нерӯҳои кишвар гуруҳи ифротии мазкурро саркӯб кардаанд. Коршиносони афғон мегӯянд, ҳарчанд нерӯҳои ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз густариши ҳузури ДИИШ саъй доранд, натавонистаанд, монеи ҳаракати онҳо ба самти шимол ва наздик ба марзҳои Тоҷикистон шаванд.
Ҳамлаҳо ба маҳалли шианишин
Бориё Рез, яке аз ин коршиносон, рӯзи 18-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарчанд давлат дар баробари ДИИШ амалиёти бузург анҷом дод ва ҳатто Амрико бузургтарин бомбаи ғайриатомиро барои маҳви ҷангҷӯёни гуруҳ дар Афғонистон истифода бурд, натиҷаҳои лозимӣ ба даст наомад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хешутабори ҷангҷӯён: “Намехоҳем, ки аз Сурия баргарданд”Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки се сол пеш дар Афғонистон зуҳур кард, авзоъ дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистонро бадтар кардааст. Ин гуруҳ масъулияти чандин ҳамлаву бомбгузориҳои чанд моҳи гузашта дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт. Танҳо дар як ҳамла ба як маҳалли шианишин дар ин шаҳр дар моҳи августи имсол 45 нафар кушта шуданд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд хатари ҳамлаи мустақими ҷангҷӯёни ДИИШ аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон кам аст, имкони ҳамалоте ба мисли ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара дар моҳи июл вуҷуд дорад. Бо вуҷуди онки ҳукумати Тоҷикистон ин ҳамларо кори дасти Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ номидааст, аммо усули ҳамлае ба дучархасаворони хориҷиро усули гуруҳи “Давлати исломӣ” медонанд.
"Ҷангҷӯёне, ки ба зодгоҳҳояшон баргаштаанд, хатарноканд"
“Ба фикри ман пешгирӣ аз ингуна ҳамалот бисёр мушкил аст, чунки онҳо усулҳои соддаеро ба мисли мошин ва корд истифода мебаранд. Онҳо аз ДИИШ илҳом гирифта буданд. Умедворам, ки як ҳодисаи алоҳида буд ва дигар сурат намегирад. Вале ин хатар дар минтақа вуҷуд дорад, ки афроди тундрав метавонанд, чунин ҳамлаҳоро анҷом бидиҳанд”, - мегӯяд Эдвард Лемон.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷангҷӯён ба камияш 14 пулисро дар марз бо Тоҷикистон куштандМуаллифони гузориши Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки соли 2014 дар қаламрави Ироқу Сурия пайдо шуд, ҳоло ба далели шикасти сахт дар ҳарду кишвар аз сархати хабарҳо аз байн рафт. Аммо ҳоло бо 20 ҳазор ҷангҷӯ, ба гуфтаи коршиносон, ДИИШ шеваи фаъолияти худро дигар карда ва ба гуруҳҳои алоҳидаи пайраваш такя мекунад.
Владимир Воронков, муовини дабири кулли Созмони Милал дар умури мубориза бо терроризм моҳи август гуфт, бо вуҷуди шикаст дар Сурияву Ироқ ДИИШ ҳамчунон хатари ҷиддӣ ва мояи нигаронии амиқ мемонад. Ӯ ҷангҷӯёнеро, ки аз Сурияву Ироқ ба зодгоҳҳояшон баргаштаанд, хатарнок номид.
Аз Тоҷикистон беш аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, ба мисли "Давлати исломӣ" пайвастаанд ва аз ин миён 70 нафарашон ба кишвар баргаштаанд.