Варзишгарони тоҷик дар севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон ҷараён дорад, бо касби ду медал – як нишони нуқра ва як нишони биринҷӣ – дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми шонздаҳумро касб намудааст.
Медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Анақулов дар намуди гуштии кураши қирғизӣ дар вазни мутлақ овард. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Тилек Қуралови қирғиз мағлуб гашт. Барои ҷойи аввал 70 ҳазор сом ва барои ҷойи дувум 35 ҳазор сом супурда шуд.
Дар мусобиқа аз рӯи кураши қирғизӣ 131 варзишгар аз 38 кишвар ширкат дошт. Паҳлавонони қирғиз ба ҷуз вазни мутлақ дар шаш вазни дигар низ ғолиб шуданд.
Медали биринҷии Анвар Ҳасанов
Намояндаи дигари Тоҷикистон Анвар Ҳасанов дар мусобиқаи гуштии паҳлавонӣ дар вазни зери 80 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин вазн Умед Ҳасан Табар Ҷилодори эронӣ, ки дар даври ниҳоӣ бар Парчат Биачимови туркман пирӯз гашт, мақоми аввалро касб намуд. Ғолиб бо медали тилло ва 70 ҳазор сом мукофотонида шуд. Барои ҷойи дувум 35 ҳазор сом ва барои ҷойҳои севум 17500-сомӣ тақдим гардид. Минг Ганбайплаи муғул низ медали биринҷӣ гирифт.
Дар мусобиқа аз рӯи гуштии паҳлавонӣ 48 варзишгар аз 25 кишвар иштирок кард. Паҳлавонони эронӣ дар ҳамаи вазнҳо (-70 кг, -80 кг ва вазни мутлақ) ғолиб шуда, се медали тилло гирифтанд.
Қирғизистон - пешсафи бозиҳо
Дастаи мунтахаби Қирғизистон пас аз чор рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиҳо дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Мизбонон ҳамагӣ бо 60 медал - 26 тилло, 18 нуқра ва 16 биринҷӣ – мукофотонида шудаанд.
Русия бо касби 36 медал (13-8-15) дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 44 медал (11-15-18) дар ҷойи севум мебошанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Туркманистон бо касби 23 медал (8-4-11), Эрон бо касби 10 медал (4-1-5), Украина бо касби 8 медал (3-3-2), Муғулистон бо касби 8
медал (3-2-3), Узбекистон бо касби 24 медал (2-7-15), Маҷористон бо касби 6 медал (1-2-3) ва Булғористон бо касби 2 медал (1-0-1) дохиланд.
Тоҷикистон бо касби 2 медал (як нуқра ва як биринҷӣ) дар зинаи 16-ум ҷойгир шудааст. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин Литва як медали тилло, Озарбойҷон 13 медал (5 нуқра ва 8 биринҷӣ), Гурҷистон, Молдова, Эстония дутоӣ медали биринҷӣ ва Арманистон як медали биринҷӣ гирифтаанд.
Баъди чор рӯзи рақобатҳо варзишгарони 27 кишвар соҳибони медалҳо гардида, намояндагони 15 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.
Севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 2-юми сентябр дар аспрез ё ипподроми деҳаи Бактуу-Долонтуи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз шуд, то рӯзи 8-уми сентябр идома хоҳад кард.
Дар қувваозмоиҳо 1,5 ҳазор варзишгар аз 66 кишвари дунё ва 11 минтақаи Русия ширкат доранд. Варзишгарон барои 594 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Ҷавоизи умумии бунёди Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиҳо 28 млн сомро ташкил медиҳад.
Қирғизистон дар ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳоро мизбонӣ мекунад. Чаҳор сол пеш нахустин бозиҳои кӯчиҳо баргузор шуда буд. Он замон дар бозиҳо намояндагони 19 кишвар ширкат доштанд. Дар дувумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон доир шуд, намояндагони 52 кишвар иштирок карданд.
Барномаи севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо куллан шомили 31 риштаи мусобиқоти варзишӣ мебошад. Аз ҷумла асптозӣ, мусобиқоти асп, варзишҳои размӣ, бозиҳои суннатии миллӣ, мусобиқоти тирандозии камонварон, рақобатҳои гунаҳои суннатии шикор, бозиҳои суннатии зеҳнӣ шомили ин барнома аст. Гуштии миллии тоҷикон – гуштии камарбандӣ - низ ба барномаи ин бозиҳо дохил шудааст.